Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳалокати Абдумалик ва духтари 19-солаи ӯ дар Русия
Главная > Тоҷикистон, Муҳоҷир > Ҳалокати Абдумалик ва духтари 19-солаи ӯ дар Русия

Ҳалокати Абдумалик ва духтари 19-солаи ӯ дар Русия


6 январ 2017, 16:50. Разместил: MG
Як сокини 41-cолаи шаҳри Исфара ҳамроҳ бо духтари 19-солааш дар пайи садамае дар шаҳри Маскав ба ҳалокат расидааст.

Аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳодиса субҳи дирӯз, 5 январ дар шоҳроҳи Ярославское ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, мошинеро, ки Абдумалик Юлдошев ва духтараш савори он будаанд, сокини дигари шаҳри Исфара идора мекардааст. Ин мошин ба як сабукрав бархӯрдааст. Ронанда ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аҳмад Иброҳим, сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 6 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоли ҳозир хулосаи ташхиси тиббиро интизоранд: “Бо омода шудани ин аснод дар ҳамкорӣ бо Хадамоти консулии шаҳри Маскав талош мекунем ҷасадҳо ба Ватан фиристода шаванд”.

Ба иттилои манбаи “Озодагон”, духтари 19-сола тифли ширхора доштааст.

Вернуться назад