Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Шариф Саид: Барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо бо Узбакистон вақт зарур аст

Шариф Саид: Барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо бо Узбакистон вақт зарур аст


11 январ 2017, 10:59. Разместил: MG
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Узбакистон барои ҳамкории бештар дар тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Ӯ имрӯз, 11 январ дар нишасти хабарии Палатаи савдо ва саноат гуфт, барои таҳкими бештари ҳамкориҳои ду кишвар вақт зарур аст. Ба таъкиди оқои Саид, замина барои тавсеаи ҳамкориҳо мавҷуд аст: “Мо ду намоишгоҳ гузаронидем, ки дар якеаш аз Узбакистон ҳафт ширкат иштирок намуд. Ин дар ҳоле ки дар гузашта як ширкат ҳам иштирок намекард. Дар намошгоҳи дуюм 10 намояндаи он кишвар ҳузур дошт. Ғайр аз ин 3-4 маротиба то 5 нафарӣ аз Узбакистон барои омӯзиш ва ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омаданд”.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон афзуд, аввалҳои моҳи феврал баргузории намошгоҳи лизингии Узбакистону Тоҷикистон оид ба савдои тракторҳои хоҷагии қишлоқ дар назар аст: “Ҳамчунин ҳаракат мекунем, ки то 10 апрел як намоишгоҳи дигари Узбекистонро дар Тоҷикистон баргузор намоем”.

Вернуться назад