Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Таҳдиди 7 соли зиндони ронандае, ки сабаби ҳалокати 1 тоҷик ва 6 каси дигар шуд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > Таҳдиди 7 соли зиндони ронандае, ки сабаби ҳалокати 1 тоҷик ва 6 каси дигар шуд

Таҳдиди 7 соли зиндони ронандае, ки сабаби ҳалокати 1 тоҷик ва 6 каси дигар шуд


17 январ 2017, 17:33. Разместил: MG
Додгоҳи Саратов имрӯз, 17 январ дар пайи дархости муфаттиш ронандаи автомашинаи боркаши “Волво”-ро, ки сабаби садамаи маргбор шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Дар ин бора Екатерина Пирская, намояндаи Раёсати тафтишотии Русия хабар додааст.

Дар пайи садамаи шаби 15 январ дар ноҳияи Петровский (вилояти Саратов)-и Русия ҳафт нафар, бо шумули чор шаҳрванди Қирғизистон, ду табааи Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Денис Фадеев, сардори ноҳияи Петровский ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, эҳтимол ронандаи 32-солаи боркашро сари чамбари мошин хоб бурдааст.

Вернуться назад