Главная > Тоҷикистон > Консерт аз эҷодиёти Дамир Дӯстмуҳаммадов дар театри опера ва балет

Консерт аз эҷодиёти Дамир Дӯстмуҳаммадов дар театри опера ва балет


15 декабр 2011, 05:10. Разместил: administrator
Рӯзи 16 декабр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерт аз эҷодиёти композитори барҷастаи тоҷик Дамир Дӯстмуҳаммадов баргузор мегардад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

 

Ҳамчунин манбаъ афзуд, театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи мазҳакавии  «Ҳисоби дӯстон дар дил» аз рӯи асари А. Островский (дар тарҷумаи  Ғаюр Ашури Растагор)-ро ҳафтаи оянда пешкаши тамошобинон мегардонад. Басаҳнагузоранда  ин намоиш  ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев мебошад. Нақшҳоро дар намоишномаи мазҳакавӣ  ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон  Қурбони Собир , Соро Сабзалиева ва ҳунарманди шоистаи  Тоҷикистон  Зулхумор Иброҳимова ва дигарон иҷро мекунанд.


Вернуться назад