Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Русия: Ҷавони тоҷик барои “ҳимоят аз террор” се сол зиндонӣ шуд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Муҳоҷир > Русия: Ҷавони тоҷик барои “ҳимоят аз террор” се сол зиндонӣ шуд

Русия: Ҷавони тоҷик барои “ҳимоят аз террор” се сол зиндонӣ шуд


6 июн 2017, 11:14. Разместил: MG
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Кемеровои Русия бо ҷурми даъвати оммавӣ ва ҳимояти терроризм се сол равонаи зиндон шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати хадамоти федеролии амният дар вилояти Кемерово, ин ҷавони 25-сола дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳои мамнӯъро нашр кардааст. Манбаъ аз ҷумла ба нашри як навори мутаалиқ ба ДИИШ дар моҳи сентябри соли 2014 ишора кардааст, ки “ба терроризм даъват намуда, аз амалҳои террористӣ ҳимоя мекунад”.

Гуфта мешавад, ин ҷавон ба ин монанд чанд навори дигарро ҳам дар интернет нашр кардааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия барои нашри матлабҳои марбут ба гуруҳҳои тундрав дар интернет муҷозот мешаванд. Ба омори мақомоти Тоҷикистон бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ қарор доранд, тавассути Русия ба он кишварҳо рафтаанд.

Вернуться назад