Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Муҳоҷир, Видео > Хайр Русия, салом Аврупо-самти нави муҳоҷирати тоҷикон (ВИДЕО)

Хайр Русия, салом Аврупо-самти нави муҳоҷирати тоҷикон (ВИДЕО)


21 июл 2017, 18:22. Разместил: hd
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши муҳоҷирати шаҳрвандон ба Русия идома ёфта, тайи шаш моҳи аввали соли равон 237 ҳазору 70 тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд ва ин нисбати нимсолаи аввали соли гузашта 2,4% кам мебошад.

Дар ин бора Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки мақомоти тобеяш барои роҳёбии муҳоҷирони тоҷик ба Аврупо талош доранд ва феълан гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон кор мекунанд: “Давоми соли ҷорӣ, мо ба як ширкати ватанӣ барои бурдани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Олмон ва дигар давлатҳои Аврупо иҷозат додем ва ин ширкат шаҳрвандони моро он ҷо назорат хоҳад кард. Шартномаҳои меҳнатие, ки бо кордиҳанда баста мешавад, ҳатман мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд, зеро мо бояд ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони худро баъди ба дигар давлат рафтани онҳо ҳимоят карда тавонем”.

Хонум Тағойзода зикр кард, ки бурдани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Аврупо мушкилӣ дорад, зеро Аврупо ба мутахассисони баландпоя ниёз дорад. Вазири меҳнат мушкили забониро яке аз монеаҳои дигар дар роҳи муҳоҷирони тоҷик ба сӯи Аврупо хонд: “Аммо сари ин масъала корҳо рафта истодааст, курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ ва омӯзиши ин ё он ихтисос роҳандозӣ шудааст”.



Вернуться назад