Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос, Видео, Тема дня > Камбизоат кист? Шарҳи масъули Агентии омор (ВИДЕО)

Камбизоат кист? Шарҳи масъули Агентии омор (ВИДЕО)


27 июл 2017, 12:02. Разместил: MG
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон 30,3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи фақр ба сар мебарад.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон имрӯз, 27 июл дар нишасти матбуотӣ дар мавриди роҳҳои муайян намудани мизони фақр дар кишвар гуфт, дар асоси барномаи пешниҳодкардаи Бонки умумиҷаҳонӣ, татқиқоти буҷа дар 3 ҳазор хонавода гузаронида мешавад: “Ин татқиқот доимӣ буда, барои ҳисоби сатҳи камбизотӣ аз ҷониби ин бонк пешниҳод шудааст”.

Ба гуфтаи хонум Ҳасанзода, таҷрибаи муайян намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон яке аз таҷрибаҳои пешрафта дар ҷаҳон мебошад. Он бар асоси усули нави ҷамъоварӣ анҷом мешавад. Тибқи он бояд давоми 3 моҳ миёни 3 ҳазор хонавода пурсиш гузаронида шавад.



Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти хабарӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сатҳи камбизоатӣ аз рӯи ду нишондиҳанда ҳисоб карда мешавад: даромад ва хароҷоти хонавода: “Ба таври мисол, агар як хонавода 100 сомонӣ даромад дошта бошад ва аз ин 75 фисадашро барои озуқаворӣ сарф кунаду барои дигар маҳсулҳои ғайриозуқаворӣ имконият надошта бошад, ба гуруҳи камбизоатон шомил мешавад”.

Ӯ афзуд, аз рӯи тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ инсон бояд давоми як шабонарӯз 2250 кило колория истеъмол кунад ва дар ҳолати аз ин меъёр кам истеъмол кардан низ шахс камбизоат шумурда мешавад: “Мо дар тамоми минтақаҳо пурсиш мегузаронем ва ҳар сокин дафтари махсус дорад, ки ҳар чизи тановулкардашро қайд мекунад. Барои маълумоти дуруст додан ба онҳо маблағ ҳам медиҳем”.

Вернуться назад