Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Кӯмаки хайркорони Дубай ба тоҷикон: Ба мо Худо додаст...

Кӯмаки хайркорони Дубай ба тоҷикон: Ба мо Худо додаст...


11 август 2017, 14:09. Разместил: hd
Ҳайати 15 нафарии хайрхоҳон аз Раёсати барқ ва оби Дубай рӯзи ҷумъа барои кӯмак ба оилаҳои ниёзманди тоҷик ба Душанбе омадаанд.

Ин ҳайат ҳадафи сафарашонро “рисолати хайр” унвон карда, изҳор доштаанд, ки то 16-уми август ҳар рӯз даҳ соати вақташонро барои хайркорӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳанд кард.

Ховла ал Муҳаирӣ, масъули раёсати обу барқи Дубай, бо зикри фақри густурда дар Тоҷикистон ба расонаҳои арабӣ изҳор доштааст, ки ба кишоварзони тоҷик ҳудуди 20 мошин тақдим хоҳанд кард: “Инчунин 600 мошини дӯзандагиро ба оилаҳои ниёзманд ва 400 ҷузвдони мактабиро толибилмон кӯмак мекунанд”.

Оиша ал Фаласӣ, хайркори 29-сола изҳор доштааст, ки ҳаёт дар Дубай осон аст: “Худо ба мо ин неъматро арзонӣ доштааст, аммо ҳастанд кишварҳое, ки камбуди обу ғизо доранд. Модоме, ки чунин имконият аст, бояд барои ниёзмандон кӯмак кунем”.

Вернуться назад