Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳукумат кори ширкати эронӣ дар “Роғун”-ро тамдид кард
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос > Ҳукумат кори ширкати эронӣ дар “Роғун”-ро тамдид кард

Ҳукумат кори ширкати эронӣ дар “Роғун”-ро тамдид кард


20 сентябр 2017, 09:33. Разместил: hd
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати корбурди таҷҳизотеро, ки аз ҷониби ширкати сохтмонию муҳандисии эронӣ “Умрон-Морун” барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ворид шудаанд, тамдид кардааст.

Тибқи қарори ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон имзо намудааст, муҳлати истифодаи таҷҳизоти ширкат, ки муваққатан барои кор дар нерӯгоҳи “Роғун” ворид шудаанд, то 30-юми апрели соли 2019 муқаррар гардидааст.

Ҳукумат хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки риояи қонунгузории гумрукиро аз ҷониби ширкати “Умрон-Морун” назорат кунад.

Вернуться назад