Главная > Тоҷикистон > “Ӯ ҳам дар назди Худову ҳам бандаву ҳам қонун гунаҳкор аст”

“Ӯ ҳам дар назди Худову ҳам бандаву ҳам қонун гунаҳкор аст”


12 октябр 2017, 10:21. Разместил: MG
Навори намозгузорони як масҷиди ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро дашному таҳқир кардани як масъули бахши танзими ин ҷамоат, ҳанӯз дар интернет вокунишҳои тезу тундро дар пай дорад. Тавре маълум шуд, ному насаби ин масъул Шокирҷон Холдоров будааст ва мақомот гуфтанд, дар робита ба қазия мавриди пурсиш қарор гирифтааст, аммо сару садоҳое ҳаст, ки ӯ муҷозот намешавад. “Озодагон” аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид, БА НАЗАРИ ШУМО ИН МАСЪУЛ БОЯД МУҶОЗОТ ШАВАД Ё НА?

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос
Ҳатман бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ӯ намояндаи давлат аст. Бо ин рафтораш ҳам ба шахсон ва ҳам ба давлат ҷиноят содир кардааст. Ҳатман бояд мувофиқи қонун муҷозот шавад.

Умарҷони ЭМОМАЛӢ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Аз ин навор хабар дорем ва ҳоло ин масъала дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ мавриди санҷиш қарор дорад. Албатта тибқи қонунгузорӣ чораҷӯӣ мешавад. То санҷиш ба анҷом нарасад чизе беш гуфта наметавонем.

Умед ҶАЙҲОНӢ, фарҳангшинос
Он масъул барои дашному носазо гуфтанаш ба мардум бояд ҳатман муҷозот шавад. Муҳим ҳам нест, ки ҳақ ба ҷонибаш буда ё на. Ҳамин ки масъули давлат бо миллат чунин бархӯрд мекунад, басанда аст, ки ӯро ба кайфараш бирасонанд. Чунин бархӯрд бо мардум назму амният дар кишварро ба ҳам мезанад.

Домулло ХОЛМУРОД, рӯҳонӣ
Масҷид макони ибодату намозгузорӣ аст ва нафаре, ки сухани қабеҳ мегӯяд набояд вориди масҷид шавад. Шахсе ки масъулят дорад, коргари ҷоамоат аст, набояд чунин рафтор кунад, ин ҷо ӯ беододбии сахт кардааст. Тарбиятдиҳанда, насиҳаткунандаи мардум, ки чунин кунад, ин хеле камбудӣ аст. Бояд бо одобу ахлоқ ва суханҳои хуб бо аҳли масчид, бо мардум мулоқот намояд.

Абдуқодири РУСТАМ, нависанда
Агар ба мардум ва қонун эҳтиром қоил ҳастанд, ин шахси беадаб бояд ҳатман муҷозот шавад ва ин шахс, агар мардумро эҳтиром мегузорад бояд аз мардум узр бихоҳад... Ва ин бори аввал нест, ки корманди давлат душномҳои қабеҳ ба забон меоварад. Ин аст ки кормандони давлат пеш аз мансуб шудан ба мақом аз назари ахлоқӣ бояд мавриди арзёбӣ қарор бигиранд.

Рустам ГУЛОВ, блогер
Он ки ӯ бояд муҷозот шавад - бебаҳс аст. Ӯ ҳам дар назди Худову ҳам бандаву ҳам қонун гунаҳкор аст. Он чизе, ки ӯ гуфтааст на танҳо дашном буд, балки таҳдиди ба гардани шаҳрвандони оддӣ бор кардани айби даст задан ба ҷинояте, ки онҳо содир накардаанд, бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ буд. Ин гуна таҳдид худ аллакай ҷиноят аст. Гап сари таҳдиди “салафӣ” эълон кардани намозгузорон аст. Дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ин гуна нафарон аввал ин ки худашон аз мансаб даст мекашанду дуввум мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Коре ки ӯ кардааст, асос барои умрбод маҳрум кардан аз ишғоли ҳама гуна вазифаҳо дар мақомоти давлатӣ аст. Аммо чи хеле ки гуфтам, ин ҳолат дар давлатҳои демократӣ ва хуқуқбунёд сурат мегиранд. Дар мо бошад, шояд як танбеҳи хушку холӣ гираду каме пас боз ба ягон вазифаи баландтар таъин гардад.

Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос
Бале, ин наворе ки дар шабакаи интернет пайдо шуд, албатта вокуниши зиёдеро ба бор овард, зеро ин корманди давлатӣ чунин рафтор намуд, ки дар ҷомеаи сунатии мо қобили қабул нест. Аз дигар ҷиҳат, бештар норозигии мардум аз он буд, ки як корманди мақомоти давлатӣ дар ҳолати мастӣ ва дар масҷид, ки Хонаи Худо ва ҷойи муқаддас маҳсуб меёбад, ҳозир шуда, намозгузрони масҷидро таҳқиру таҳдид намуда, ба шаъни мақомоти давлатӣ латма ворид намуд. Ин кирдори як намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ боварии мардумро нисбат ба ҳукумат коста гардонид. Худи ҳамин амали ин нафари фарсахҳо дур аз фарҳангу диндорӣ омили ифротӣ шудани мардум шуданаш аз эҳтимол дур нест, зеро масоили динӣ худ як чизи нозук ва зуд ба эҳсосоти мардум таъсиргузор аст. Аз нигоҳи конун ин нафар тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, мардумро бо афлози қабеҳ таҳқир кард ва ҳатман бояд тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ки барои ин кирдор қонунгузор ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯзро пешбинӣ намудааст. Корфармо ҳақ дорад ҳатто то ба ҷавобгарӣ кашидан ва татбиқи ҷазо ин касро аз вазифа озод намоянд, зеро ӯ бо ин кирдори худ шаъни ташкилотро паст задааст ва чунин талабот аз Кодекси меҳнат бармеояд. То чӣ андоза ин кас ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ё не, албатта аз мақомотҳои марбута вобастагӣ дорад, вале як чиз мусаллам аст, ки эшон бо изҳороти худ дар назди омма дар хусуси “ҳамаи намозгузронро ба салафӣ баровардан” худ бевосита мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҳуқуқи инсонро марбут ба беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани мардуми бегуноҳ собит сохт. Яъне, чанд соли ахир ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон бонги изтироб мезананд, ки бархе аз масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбии хизматӣ мардуми бегуноҳро мавриди шиканҷа карор дода, аз онҳо нишондоди иқрориро ба даст оварда, додгоҳи супоришӣ ва ғайримустақили тоҷик онҳоро ба солҳои тулонӣ зиндон карданд. Бе баҳс сӯиистифодаи масъулини мақомоти ниҳодҳои интизомӣ, алалхусус милитсия аз барномаи давлатии мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм собит карда шуд.


Вернуться назад