Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш, Тема дня > Эълони “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ба ифтихори “Рӯзи Президенти Тоҷикистон”

Эълони “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ба ифтихори “Рӯзи Президенти Тоҷикистон”


18 октябр 2017, 08:42. Разместил: MG
Дар шаҳри Душанбе миёни дастаҳои вазорату идора, ташкилоту муассиса ва сохторҳои пойтахт мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе мегӯяд, аз 20 октябр то 16 ноябри соли 2017
бо иштироки футболбозони беш аз 40 дастаҳои шаҳри Душанбе дар майдончаҳои варзишии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ созмон дода мешавад: “Ғолибони мусобиқа бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе", медалу дипломҳо ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд”.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа 16 ноябри соли равон дар "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъбаст карда мешавад.

Вернуться назад