Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Абдумалик Абдуллоҷонов озод шуд ва ба Амрико бармегардад

Абдумалик Абдуллоҷонов озод шуд ва ба Амрико бармегардад


4 апрел 2013, 15:10. Разместил: hd
Вакили мудофеи Абдумалик Абдуллоҷонов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки шоми чоруми апрел нафари таҳти ҳимояташ аз боздошт раҳо шудааст. Андрей Федур аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин замина худдорӣ кард, вале танҳо гуфт, аз қарори Додситонии кулли Украина розист.

Дар ҳамин ҳол, кӯяк манбаи наздик ба Абдуллоҷонов мегӯяд, ҳоло ҳамаи талоши онҳо болои ин аст, ки ӯ ба зудтарин фурсат ба Иёлоти Муттаҳида баргардад.

Аз ин пештар нашрияи “Комерсант Украина” аз қавли манбааш дар мақомоти қудратии Украина хабар дода буд, ки “дар рафти тафтишот муайян шуд, ки Абдуллоҷонов воқеан ҳам дар Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфт кардааст.”

Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, шоми панҷуми феврал дар фурудгоҳи Борисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуда буд. Ӯро, ки тӯли тақрибан понздаҳ соли охир дар Амрико мезист, мақомоти тоҷик дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла куштор муттаҳам медонанд ва аз давлати Украина хостанд, ки Абдуллоҷоновро ба онҳо таслим кунад.

Вале худи Абдуллоҷонов гуфт, ӯ паноҳандаи сиёсии Амрикост ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Ӯ дар оғози моҳи март дар толори додгоҳи Шевченкои шаҳри Киев гуфта буд, истирдодаш ба Тоҷикистон баробар ба ҳукми марг аст. Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва Созмони Милал ҳам аз мақомоти Украина хоста буданд, ки аз истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов худдорӣ кунад, чаро ки ӯро дар ватанаш ҳабси тӯлонӣ ва шиканҷа мунтазир аст.

Вернуться назад