Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > То интихобот дар Душанбе 855 камераи 25-ҳазор долларӣ насб мешаванд

То интихобот дар Душанбе 855 камераи 25-ҳазор долларӣ насб мешаванд


12 апрел 2013, 09:21. Разместил: hd
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то моҳи ноябри соли равон дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ камераҳои назоратиро ширкати чиноии «Huawei Technologies Co. Ltd.» дар кӯчаҳои Душанбе, дар доираи барномаи “Шаҳри бехатар” насб мекунад, ки арзиши умумии он 22 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ, ахиран зимни муаррифии лоиҳаи мазкур дар парлумони кишвар гуфт, аз 22 миллион $-и лозима, 20,9 миллион $ қарзи дарозмуддати Чин ва 1,1 миллион $ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пардохт мегардад. Вакилони парлумон ҳам ин лоиҳаро дастгирӣ карданд ва акнун интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз моҳи май шурӯъ гардида, моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Мақсад аз насби камераҳо таъмини амният дар роҳу хиёбонҳои Душанбе, назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо арзёбӣ мешавад.

Вернуться назад