Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Маркази қонунгузории назди президент никоҳи хешутабориро баррасӣ мекунад

Маркази қонунгузории назди президент никоҳи хешутабориро баррасӣ мекунад


17 апрел 2013, 12:17. Разместил: hd
Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, дар пасманзари гуфтугузорҳо оиди манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар, тасмим гирифтааст, ин масъаларо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳаматарафа баррасӣ кунад.

Ин марказ ният дорад, охири моҳи апрел дар Душанбе мизи гирдеро дар мавзӯи «Никоҳ ва мушкилоти танзими ҳуқуқии он» ташкил намуда, бо ҷалби олимони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ масъалаи никоҳи хешутаборӣ, шартномаи никоҳ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон, моликияти муштарак ва дигар масоили марбутро матраҳ намояд.

Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод кард, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон хуб истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.

Аммо бо ин пешниҳод дар Тоҷикистон на ҳам розиянд. Аз ҷумла Қобилҷон БОЕВ, раиси собиқи шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо дар шарҳи далелҳои ин пешниҳод ба “Озодагон” гуфт, “ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”

Вернуться назад