Главная > Тоҷикистон, Хабарҳои ҷаҳон, Видео > Тоҷқурғон -- минтақаи мухтори тоҷикон дар Чин (ВИДЕО)

Тоҷқурғон -- минтақаи мухтори тоҷикон дар Чин (ВИДЕО)


19 апрел 2013, 10:03. Разместил: hd
Маркази чинии иттилоот мегӯяд, дар ҳудуди Чин 33 ҳазору 583 тоҷик иқомат доранд.

Ба иттилои ин марказ, аксари тоҷикон дар ҷанубу ғарби ноҳияи Шинҷон дар Тоҷқурғон зиндагӣ мекунанд. Ин манбаъ меафзояд, тоҷикони муқими Чин дар гузашта ба заминдорию чорводорӣ машғул буда, ҳаёти нимкӯчманчиро ба сар мебурдаанд: "Баъди созмон ёфтани ҷумҳурии мардумии Чин дар соли 1954 гузари мухтори тоҷикон, Тоҷқурғон ташаккул ёфта, бо пуштибонии давлат ҳаёти тоҷикон дар ин кишвар беҳбуд ёфта, дар як сатҳи арзанда қарор гирифтааст."



Вернуться назад