Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Шаш ҳазор доллари намозгузорро дар масҷид дуздиданд

Шаш ҳазор доллари намозгузорро дар масҷид дуздиданд


22 апрел 2013, 15:44. Разместил: hd
Мақомоти пулиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо иттиҳоми дуздӣ дар масҷид як хонандаи синфи 11-ро боздошт кардаанд.

Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд, ба далели хурдсолияш аз бурдани номи дастгиршуда худдорӣ кард. Аммо мусоҳиби мо гуфт, "19-уми апрел як намозгузори масҷиди ба номи “Имом Аъзам”-и Чкалов пиҷакашро дар яке аз утоқи масҷид монда, ба ибодат машғул шудааст. Танҳо баъд аз анҷоми ибодат намозгузор дарёфтааст, ки 6 ҳазор долларашро аз кисааш дуздидаанд.”

Шарифов мегӯяд, айни ҳол маблағи дуздидашуда пурра ба соҳибаш баргардонда шуда, тафтишоти қазия идома дорад.

Вернуться назад