Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 26 май 2018, 09:16
6 октябр 2016, 08:16

(АКС) Тоҷикистон-Фаластин: 3:3

Дидори дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Фаластин мусовӣ анҷом ёфт.

26 сентябр 2016, 09:18

Пирӯзии “Равшан” бар тими “Истиқлол”

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамонии чаҳоркаратаи Тоҷикистон дар бозии даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб шикаст хӯрд.

23 сентябр 2016, 10:56

Соядаст ва изҳороти Р.Эмомалӣ: Дар навоҳӣ наврасони болаёқат зиёданд (АКС)

Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон 22-юми сентябр дар Данғара ва Қӯрғонтеппа майдонҳои нави сунъӣ барои футболи хурдро ба истифода дод, ба дастгирии Конфедератсияи футболи Осиё бунёд гардидаанд.

15 сентябр 2016, 17:52

Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 144

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол дар ҷойи 144-ум қарор дорад.

15 сентябр 2016, 09:23

Се голи беҷавоби АМА ба дарвозаи футболбозони то 19-солаи тоҷик

Мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар як бозии рафиқона аз Аморати муттаҳидаи Араб шикаст хӯрдааст.

14 сентябр 2016, 08:10

Шарҳи расмии ФФТ ба хабари “занозании футболбозон”: ВАО-и Русия воҳима кардааст (ВИДЕО)

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ дар робита ба хабари муноқишаи миёни футболбозони тоҷику узбак дар як сабқати футбол гуфтааст, ахбори ВАО-и Русия шакли таҳрифшуда ва пурвоҳимаро дорад.

7 сентябр 2016, 08:10

Пешниҳод: Ба Дилшод Назаров стипендияи якумрӣ дода шавад

Як масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров стипендияи якумрӣ дода шавад.

2 сентябр 2016, 17:04

Убайдуллоев 3 сентябр дар Душанбе дави миллӣ эълон кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор фардо 3-юми сентябр дар пойтахт рӯзи дави миллӣ эълон кард.

2 сентябр 2016, 10:52

Соҳибкори тоҷик аз Дубай: То олимпиадаи Токио-2020 хоб наравем

Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, соҳибкори тоҷики муқими Дубай ва муассиси гуруҳи “Tajik sport” дар шабакаи Фейсбук пешниҳод кардааст, ки мо набояд то бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон хоб равем ва ҳамагӣ 5-6 моҳ пеш аз бозиҳо дастбакор шавем.

29 август 2016, 17:11

Футболбози маъруфи тоҷикро дар Вена ташхис мекунанд

Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи тоҷик ва сармураббии клуби “Терек”-и Грозний барои ташхиси вазъи саломатиаш ба пойтахти Австрия рафтааст.

26 август 2016, 14:10

Омодагӣ ба истиқболи Дилшод Назаров дар Амфитеатр (АКС)

Маросими истиқбол аз Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон дар Амфитеатри Душанбе баргузор мешавад.

25 август 2016, 10:04

Аз Дилшод Назаров чӣ гуна қадрдонӣ шавад? ШУМО БИГӮЕД!

Агар нишони тиллои Андрей Абдувалиевро дар Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселона бо ин “баҳона”, ки ӯ дар ҳайати мунтахаби Иттиҳоди давлатҳои мустақил баромад карда буд, сарфи назар кунем, Дилшод дар 25 соли охир ягона қаҳрамони олимпии Тоҷикистон аст. Баъди пирӯзии Дилшод пешниҳодҳо дар бораи ба ӯ додани унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон низ буд. Аммо ШУМО БИГӮЕД, Дилшод Назаровро чӣ гуна қадр кунанд?

23 август 2016, 08:40

Убайдуллоев гуфт, Душанбе барои пешвози Дилшод Назаров омодагии ҳамаҷониба дидааст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи кишварро барои дарёфти унвони қаҳрамони бозиҳои олимпии Бразилия табрик кардааст. Ин табрикот дар дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки 22 август баргузор шуд, садо додааст.

20 август 2016, 11:38

Субҳи пирӯзии миллат, муборак!

Дилшоди гурд дар фазои кишвар танини ифтихор андохт!
Дилшод ба мардуми худ нишон дод, ки кушишу ғайрату ҷасорат чист! Ва натиҷаи ин ҳама муборизаро низ.

20 август 2016, 08:38

Дилшод Назаров нишони тиллои олимпиадаро ба гардан овехт

Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик ба дарёфти медали тиллои олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гардид.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!