Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 08:21
20 май 2014, 14:11

Қазоқистон ба маблағи 180 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст

Давоми 23 соли мустақилият, шурӯъ аз соли 1991, маблағи сармоягузории хориҷӣ ба Қазоқистон 180 миллиард долларро ташкил додааст.

19 май 2014, 11:08

Қазоқистон ба маблағи $2 миллион ба Афғонистон кӯмак мекунад

Қазоқистон дар соли 2013 ва семоҳаи аввали соли 2014 шаш маротиба ба кишварҳои хориҷӣ, ки аз офатҳои табиӣ хисороти ҷиддӣ дидаанд, кумаки башардӯстона интиқол додааст. Дар ин бора Владимир Божко, вазири ҳолатҳои фавқуллодаи ин кишвар хабар додааст.

12 май 2014, 09:50

Боздошти шарики домоди президент дар Малта

Александр Народетский, раҳбари пешини шӯъбаи Радиои “Аврупои Озод” дар Киев, дар робита ба таҳқиқоти ҷиноятии баста шудани дороиҳои Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон -- Нурсултон Назарбоев дар Малта боздошт шудааст.

10 май 2014, 10:38

Қазоқистон мегӯяд, “Лентаи Георгий”-ро манъ накарда буд

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон бо пахши баёнияе хабарҳо дар мавриди манъи бастани "Лентаи Георгий" бахшида ба Рӯзи ғалаба дар ин кишварро такзиб кард.

8 май 2014, 16:47

Назарбоев дар саммити ғайрирасмии СПАД дар Маскав ширкат намекунад

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар кори саммити Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар Маскав баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард.

5 май 2014, 11:01

Боздошти ду муттаҳам дар рабудани шаҳрванди Қазоқистону талаби $30 ҳазор барои раҳоии ӯ

Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Остона бо иттиҳоми рабудани як шаҳрванди Қазоқистон ду нафарро боздошт кардаанд.

29 апрел 2014, 16:04

ВАО: Домоди собиқи президенти Қазоқистон ба Юнон рафтааст

Роҳат Алиев, сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия, ки дар Малта паноҳ мебурд, ба Юнон рафтааст, хабар медиҳанд расонаҳои қазоқистонӣ.

28 апрел 2014, 14:21

Назарбоев бо сафари корӣ ба Русия рафт

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бо як сафҷари корӣ ба вориди Федератсияи Русия шудааст.

25 апрел 2014, 09:37

"Республика": Ҳамсари сеюм ва 2 писари раисиҷумҳур кист?

Торнамои “Республика” иддао дорад, ки нусхаи шиносномаи ҳамсари сеюми раисҷумҳури Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев ва ду писари ӯро дар ихтиёр дорад ва онҳоро расонаӣ ҳам кардааст.

22 апрел 2014, 17:09

Ҳукумат дарҳояшро ба рӯи журналистон мебандад

Ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон бидуни ширкати журналистон баргузор мешавад.

21 апрел 2014, 17:08

Пешниҳоди духтари президент: хонаҳои кӯдакон барҳам дода шавад

Дарига Назарбоева, вакили парлумони Қизоқистон ва духтари райисҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоев пешниҳоди барҳам додани хонаи кӯдаконро кардааст.

19 апрел 2014, 13:02

Эҳтимоли 12 сол ҳабси журналист барои Гитлер

Маҷаллаи “Аныз адам” (Инсони афсонавӣ), ки дар саҳифаи аввалаш акси Гитлерро нашр кардааст, дар нақзи қонунгузории Қазоқистон муттаҳам мешавад.

17 апрел 2014, 19:44

Бритониёи Кабир мақоми паноҳандагии Аблязовро бекор мекунад

Бритониёи Кабир тасмим гирифта, Мухтор Аблязов, раҳбари собиқи БТА Бонки Қазоқистонро, ки дар дуздии 6 миллиард доллар муттаҳам мешавад, аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум созад,-хабар медиҳад Financial Times.

8 апрел 2014, 16:13

Дар Қазоқистон муҷозот барои сепаратизм шадид мешавад

Барои даъват ба тағйири ғайриқонунии тамомияти марзии Қазоқистон тибқи лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии ин кишвар то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

4 апрел 2014, 16:53

Мақоми нави духтари президент дар парлумон

Дарига Назарбоева, духтари бузурги раисиҷумҳури Қазоқистон муовини раиси Маҷлис (палатаи поёнӣ)-и парлумони ин кишвар интихоб гардидааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!