Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 19:19
29 ноябр 2016, 15:21

Президенти Маҷористон даъвати Эмомалӣ Раҳмонро барои боздид аз Тоҷикистон пазируфтааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шащри Будапешт бо ҳамтои маҷористонии худ -- Янош Адер дидору гуфтугӯ кардааст.

29 ноябр 2016, 11:02

Изҳороти CPJ дар пайи бекор шудани муҷаввизи 6 журналисти тоҷик

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) бо пахши як изҳорот гуфтааст, мақомоти тоҷик бояд муҷаввизи 6 хабарнигори тоҷикро дубора барқарор кунанд.

28 ноябр 2016, 16:15

Трамп: Интизорӣ ва нигаронии ҷомеаи Амрико аз он

ИМА феълан дар марҳилае қарор дорад, ки бо хушномтарин раисҷумҳураш Барак Обама хайрухуш менамояд ва аз мармузтарин шахсияте, ки ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шудааст, пазироӣ мекунад.

28 ноябр 2016, 12:04

Посухи Душанбе ба президенти "Озодӣ": Бозхонди иҷозатномаҳо ба хабари Раҳмонова рабт надорад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” дар мавриди бозхонди иҷозатномаи хабарнигорони ин радио посух дод.

28 ноябр 2016, 10:14

Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумат озими Будапешт шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи додситони кул, вазири умури хориҷӣ ва дигар аъзои воломақоми ҳукумат ба шаҳри Будапешти Маҷористон рафтааст.

28 ноябр 2016, 09:36

Нигаронӣ ва умеди президенти “Озодӣ” аз мақомоти тоҷик

Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” иқдоми мақомоти тоҷик барои бозхонди иҷозатномаи кори 6 рӯзноманигори ин радиоро мояи нигаронӣ хонда, изҳори умед кардааст, ки мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

26 ноябр 2016, 15:24

Хуршеди Атовулло дубора раиси Шӯрои ВАО шуд

Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар маҷлиси солонаи худ Хуршеди Атовуллоро барои як соли дигар раиси ин ниҳод интихоб кард.

26 ноябр 2016, 15:12

Даргузашти Фидел Кастро дар 90-солагӣ

Фидел Кастро, собиқ раҳбари Куба дар синни 90 даргузашт.

25 ноябр 2016, 17:02

Раиси Маҷлиси намояндагон: Дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аснои суханронӣ дар ҷаласаи 45-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ гуфтааст, дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

25 ноябр 2016, 15:30

Духтари Президент дар ВКХ мансаби нав гирифт (АКС)

Рухшона Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷии кишвар мансаби нав гирифтааст.

25 ноябр 2016, 14:07

Гулмурод Ҳалимов дар феҳрасти ВКД ва акси нави ӯ дар Твиттер

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо мукаммал намудани рӯйхати афроди дар ҷустуҷӯбуда исми Гулмурод Ҳалимов, раҳбари пешини “ОМОН”-и ин ниҳодро ҳам ворид кардааст.

25 ноябр 2016, 13:51

Баҳси ҳифзи сарҳад бо Афғонистон дар мулоқоти Э.Раҳмон бо вазири қазоқ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 ноябр дар мулоқот бо Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудааст.

25 ноябр 2016, 13:30

Ҷаласаи ҳукумат: Аз масъалаи кадрҳо то додани унвонҳои илмӣ ва мубориза бо фасод (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми ноябр ҷаласаи ҳукумат гузаронда, масоили кадрӣ, мубориза бо коррупсия, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва додани унвонҳои илмиро дар кишвар баррасӣ кардааст.

25 ноябр 2016, 09:48

Таъкиди Зуҳуров ба бисёр ҳассос ва масъалаи муҳим будани муҳоҷирати меҳнатӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро “муҳимтарин масъала ва бисёр ҳассос” барои Душанбе ва Маскав хондааст. Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро 24 ноябр дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст.

24 ноябр 2016, 14:09

Ваъдаи раиси Дума барои ҷазои гунаҳкорони марги 7 тоҷик

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Русия қарор дорад, дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии ин кишвар ба ҳодисаи сӯхтори 19 нобяр, ки сабаби марги 7 шаҳрванди Тоҷикистон шуд, дахл кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!