Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:33
1 ноябр 2013, 09:57

Амрико мегӯяд, аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов розӣ ҳаст

Амрико мегӯяд, аз мавқеи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар минтақа, бахусус Афғонистон розӣ ҳаст.

31 октябр 2013, 16:21

“МВС” дар бораи аспҳои Туркманистон филм мебардорад

“Аспҳои Туркманистон”. Бо ҳамин унвон ширкати телевизионии “МВС” (Munhwa Broadcasting Corporation)-и ҷумҳурии Корея филми мустанаде навор мегирад.

29 октябр 2013, 11:16

Туркманистон: 1002 маҳбус авф шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон зери фармон “Дар бораи авфи маҳбусон ба хотири таҷлил аз 22-юмин солгарди истиқлолияти Туркманистон” имзо гузошт.

28 октябр 2013, 10:53

Номаи Раҳмон ба раисиҷумҳури Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ҳамтои туркмани худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо рӯзи истиқлолияти кишвараш табрик кардааст.

23 октябр 2013, 17:35

Зодгоҳи президент тағйири ном кард

Исми зодгоҳи раиси ҷумҳури пешини Туркманистон Сапармурод Ниёзовро тағир доданд.

22 октябр 2013, 11:33

“Döwlet guşy”. Романе дар бораи падари президент

“Döwlet guşy” ё “Парандаи бахт”, асари нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон муаррифӣ шуд.

18 октябр 2013, 12:15

Боз як китоби президент нашр мешавад

21-уми октябр интизор меравад, расми муаррифии китоби нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон баргузор шавад.

16 октябр 2013, 19:09

“Белый тигр”-ро дар “Ашхобод” намоиш доданд

Дар кинотеатри “Ашхобод” чорабинии Рӯзҳои “Мосфилм” дар Туркманистон ба кори худ оғоз кард.

14 октябр 2013, 14:35

Бародаршаҳрҳои пойтахти Туркманистон дар ИМА мизбони Рӯзҳои фарҳангӣ мешаванд

Аз 2 то 6-уми декабр дар ИМА Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон баргузор мешавад.

12 октябр 2013, 08:48

Дар Туркманистон пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ оғоз мешавад

Шуруъ аз 16-уми октябр дар Туркманистон раванди пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи парлумонии кишвар оғоз мешавад. Дар ин бораи Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон (КМИТ) хабар додааст.

9 октябр 2013, 11:00

Зоирини туркман аз ҳисоби ширкати ҳавонавардӣ ба Макка мераванд

Бо амри Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райиси ҷумҳури Туркманистон барои интиқоли зоирин ба Хонаи Худо хатсайри вижае созмон ёфтааст.

8 октябр 2013, 12:04

Вазири маориф ба президент дуруғ гуфтааст?

Вазири маорифи Туркманистон моҳи август президент-Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро итминон дод, ки мактабҳои кишвар комилан ба соли нави хониш омодаанд. Аммо бештари макотиби миёнаи Ашхобод аз нарасидани адабиёти дарсӣ танқисӣ мекашанд. Махсусан хонандаҳои синфҳои 2 то 7 бештар ба ин мушкил мувоҷеҳанд, -менависад торнамои “Хроника Туркменистана”.

7 октябр 2013, 11:36

Ҳомиёни ҳуқуқ: «Исбот кунед, ки онҳо зиндаанд»

54 созмони ҳоми ҳуқуқ аз ҳукумати Туркманистон даъват кардааст, то исбот кунад, маҳбусони сиёсие, ки соли 2002 ба зиндон кашида шудаанд, ҳанӯз зиндаанд. Дар ин бора Садои Амрико хабар додаст.

4 октябр 2013, 17:19

Дар Туркманистон 125 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад

Комиссияи интихоботии Туркменистон дар мавриди таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ барои овоздиҳии моҳи декабр қарор кардааст.

1 октябр 2013, 19:26

Арзонтарин палов дар пойтахти Туркманистон будааст

Оши палови арзонтарин миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон будааст,-хабар медиҳад торнамои mezon.uz.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!