Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 18 ноябр 2017, 17:20
14 сентябр 2015, 09:25

(ВИДЕО) Шокирҷон Ҳакимов: Пешрафти давлат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст

Меҳмони “Баҳси бештар”-и Озодагон Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ

7 сентябр 2015, 13:05

(ВИДЕО) Д.Розенблум: Амрико аз маҳдудсозии плюрализми сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарон аст

Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, ки ахиран бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд, дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” – Сайф Сафар аз эътилофи зидди гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ё ДИИШ, даъват аз Тоҷикистон барои пайвастан ба ин эътилоф ва вазъи сиёсии минтақа гуфт.

8 июл 2015, 08:50

Бахтиёр Бӯриев: Агар иҷозат диҳанд, дар 6 моҳ ДИИШ-ро нест мекунем (ВИДЕО)

“Озодагон” қаблан аз қасди як ширкати тоҷикистонӣ барои ташкили созмони бузурги ҳарбӣ миёни 12 кишвар хабар дода буд, ки ҳадафаш мубориза бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ба вижа “Давлати исломӣ” ё ДИИШ аст. Бахтиёр Бӯриев, раҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Орзуи шумо”, ҳамагӣ шаш моҳи қабл дар Душанбе таъсис ёфтааст, иддао дошт, мехоҳанд ба ҳайати созмони мазкур 12 кишвари минтақа ва ҷаҳон, бо шумули Тоҷикистон, ИМА, Русия, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон ва Чинро ҷалб созанд. Дар робита хабарнигори мо – Иршод Сулаймонӣ Бахтиёр Бӯриевро барои як суҳбат ва баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” даъват кард.

22 июн 2015, 09:00

Муҷаддадӣ: Озодии баён дар Афғонистон ба иродаи раисҷумҳур бастагӣ надорад (ВИДЕО)

Яке аз масъулони ҷомеаи рӯзноманигории ин кишвар, ки бо як сафари корӣ ба Душанбе омада буд, меҳмони дафтари “Озодагон” шуд. Хабарнигори мо – Иршод Сулаймонӣ аз ин фурсат истифода кард ва Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ, муовини раиси Анҷумани журналистони озоди Афғонистонро барои як баҳси бештар дар масоили фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон даъват намуд.

30 апрел 2015, 14:00

(VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоям

Яке аз чеҳраҳое, ки парчами миллии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ дар кишварҳои гуногун борҳо боло бардоштаву ба шарафи ҳунар ва варзиши ӯ суруди миллӣ садо додааст, қаҳрамони имрӯзаи “Баҳси бештар” аст.

9 апрел 2015, 10:24

(ВИДЕО) Орзу Исоев: Чеҳраҳои сиёсиро барои худ қаҳрамон интихоб накардаам

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО бо Орзу ИСОЕВ, рӯзноманигор ва шоири тоҷик баъди нашри китоби шеъраш бо номи “Он сӯи ёдҳо” анҷом шуд.

30 март 2015, 11:08

(ВИДЕО) Қосим Бекмуҳаммад: Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии шумораи аввал ба ҳисоб меравад

Дар “Баҳси бештар”-и хабарнигори “Озодагон” – Сайф САФАР ва коршиноси тоҷик -- Қосими БЕКМУҲАММАД мавзӯи сиёсати дарҳои боз ва шарикҳои стратегии Душанбе дар миёнанд.

21 март 2015, 09:30

Равшан Раҳмонӣ: СММ бояд 7 ҳазорсолагии Наврӯзро ҷашн бигирад (ВИДЕО)

Баҳси бештари Иршод Сулаймонӣ бо профессори мардумшинос Равшан Раҳмонӣ.

11 март 2015, 15:01

(ВИДЕО) Нуриддин Қаршибоев: Бастани даҳони расонаҳо ба манфиати ҳукумат нест

Меҳмони ин навбати "Баҳси бештар"-и Озодагон Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ва раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон.

2 март 2015, 07:54

(ВИДЕО) Саъдии Юсуфӣ: Дарки нокофии динӣ ҷавононро ба ДИИШ мебарад

Меҳмони "Баҳси бештар"-и Озодагон коршиноси масоили динӣ ва сиёсӣ -- Саъдии Юсуфӣ буд

25 феврал 2015, 07:59

(ВИДЕО) Ҳафиз Холиқзода: На танҳо бо ҲНИТ, балки бо мақомот ҳам бархӯрди идеологӣ дорем

Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири Тоҷикистон. Ниҳоде, ки ҳамагӣ ним сол пештар дар Академияи улуми Тоҷикистон ташкил шуд ва коргаронаш баҳсҳои зиёде дар расонаҳо доштанд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” бо мудири ин марказ -- доктори фалсафа Ҳафиз Холиқзода (Бобоёров) гуфтугӯе анҷом дод, ки пешниҳоди хонанда мегардад.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!