Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 16 декабр 2017, 00:49
23 октябр 2017, 16:07

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Рустами Ваҳҳоб, донишманди шинохта ва аз муассисони гуруҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук чандест барои корбарон гузина ё баробарии тоҷикии вожаву истиллоҳҳои русиро пешниҳод мекунад. Ин иқдом ба истиқболи гарми хонандаҳои Фейсбук рӯ ба рӯ шуд ва донишмандони дигар низ пешниҳодҳои худро ироа карданд. “Озодагон” тасмим гирифт, ин гузинаҳоро ба нашр расонад.

23 октябр 2017, 16:06

Филми роҳнамо: Аз корёбӣ дар Ватан то муҳоҷирати бехатар (ВИДЕО)

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон барои осонии кори муҳоҷирони тоҷик филми роҳнамоеро таҳия ва пешниҳод кардаанд.

23 октябр 2017, 13:26

Эҳёи идҳои ниёгон дар қонунгузории нави Тоҷикистон

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23 октябр дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод, ки бар асоси он таҷлили се иди нав дар кишвар пешбинӣ шудааст.

23 октябр 2017, 10:05

Ҳабси олим ва афсари руси ҷонибдори “ДИИШ” дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як олими рус, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар Сурия ба тарафдории “ДИИШ” ҷангидааст.

23 октябр 2017, 09:43

Конибодом: Ифтитоҳи Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

Бо 81 ҳазор доллари Сафорати Ҷопон ва 130 ҳазор сомонии маъмурияти шаҳри Конибодом дар ин шаҳр Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавриди истифода қарор гирифт.

23 октябр 2017, 09:28

Фармони Президент дар бораи қатъи ваколати Хуршед Андалиб

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон ваколатҳои Хуршед Андалиб, раиси суди ноҳияи Раштро қатъ кардааст.

21 октябр 2017, 10:03

Ҷоми АФК-2017: Дидори “Истиқлол”-у “Эйр Форс”-ро доварони Аморати муттаҳидаи Араб назорат мекунанд

Ҳайати довароне, ки дар финали Ҷоми АФК-2017 бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Эйр Форс”-и Ироқро назорат хоҳанд кард, эълон шуд.

21 октябр 2017, 09:48

Марди 34-сола мошини ҳамшаҳрашро оташ задааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 34-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми оташ задани мошини марди дигар хабар додааст.

20 октябр 2017, 17:39

Занозании тоҷикону арманиҳо дар Маскав (ВИДЕО)

Шоми 19 октябр дар кӯчаи Кантемирови Москва миёни муҳоҷирини кории тоҷик ва арманӣ муноқиша ба миён омадааст, ки дар пайи он як нафар ҷароҳат бардоштааст.

20 октябр 2017, 16:53

Паёмҳои Э.Раҳмон ва Мирзиёев дар бораи имрӯзу фардои муносибатҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои узбакистониаш Шавкат Мирзиёев тарафайнро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар табрик кардаанд.

20 октябр 2017, 15:02

БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Чун гург масту бехабар аз хеш мегардам...

БО ЗАБОНИ ШЕЪР.
Шоир: Ворис
Шеър: Гургу кабутар

20 октябр 2017, 14:40

Ҷавони тоҷик дар роҳбарии "ДИИШ"-и Питер муттаҳам мешавад

Мақомоти пулиси Русия як зодаи 33-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки раҳбари намояндагии гуруҳи террористии ДИИШ дар Санкт Петербург ном бурда мешавад.

20 октябр 2017, 11:10

Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони синни то 21-соларо ба гардан овехт.

20 октябр 2017, 10:20

Назарпурсӣ: Дар Тоҷикистон ба омор бовар кунем ё на?

20 октябр Рӯзи ҷаҳонии омор эълон шудааст. Ин сана дар 5 сол як бор ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бастагӣ “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик суол кард: ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОМОР БОВАР КУНЕМ Ё НА?

20 октябр 2017, 10:14

Хачатуров гуфт, барф Тоҷикистонро аз террористон эмин медорад

Юрий Хачатуров, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мегӯяд, дар моҳҳои наздик барф ва шароити сангини боду ҳаво Тоҷикистонро аз хатари вуруди террористон, аз ҷумла Толибон эмин медорад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!