Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 17:54

Стратегҳои Президент: Озодии баёну гуногунандешӣ хатар дорад

9 январ 2017, 10:13

Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёдро хатарзо хонданд.

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ имрӯз, 9-уми январ ба суоли “Озодагон” дар бораи озодии баёну фаъолияти расонаҳои мустақил гуфт, Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён дар минтақаи Осиёи Миёна аз ҳама пешрафта мебошад. Ӯ далели қатъи фаъолияти бархе аз расонаҳои мустақилро тоб наовардан ба рақобати иқтисодӣ гуфт.

Раиси МТС инчунин афзуд, ки баъзе аз фаъолоиятҳои ғаразолуди расонаҳо нисбат ба давлат ва сардори давлат ва ҳамчунин дар зеҳнҳо эҷод кардани демократиябозӣ хуб нест. Ӯ бо зикри баҳои қимати сулҳ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки гуногунандешии аз ҳад зиёд метавонад ҳифзи сулҳро мушкил кунад. Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси МТС дар ин робита гуфт, дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд хатар дорад ва ба рушди кишварҳо халал мерасонад.

Ин шарҳи стратегҳои назди Президент дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шохиси озодии баён дар соли 2016 бо гирифтани мақоми 150-ум 34 зина поин омад.

Охири соли гузашта Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак иттилоъ доданд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.

Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст: “Моддаи 30-юми Қонуни асосӣ озодии баён, матбуот ва ҳаққи истифода бурдани расонаҳоро барои ҳар кас кафолат медиҳад. Озодии баён барои он муҳим аст, ки ин озодӣ барои амалӣ шудани ҳуқуқи дигари конститутсионии шахс зарур аст”.

Ба ин тартиб дар поёни изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудааст, уҳдадориҳои худро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар доираи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои конститутсионӣ иҷро кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Лакайбек

  • 9 январ 2017 17:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай дигар чои гап нест.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд хатар дорад ва ба рушди кишварҳо халал мерасонад."
Ман ба ин фикр рози хастам дуруст аст. мисолашро дар кишвархои чангзада дидан мумкин аст.
амрико худро демократии раками 1 дар чахон медонад. Аммо ду расонаи хоричие ки хукмати ин кишваро танкид мекунад онхоро руирост душмани амрико эълон карданд... дар мо даххо расонахои амрикоиву аврупо хукумати моро такид мекунанд ва боре нашудааст ки онхоро душмани Точикистон эълон кунанд. аз ин лихоз кишвари мо аз амрико дида озодии баёни зиёдтар дорад.
Посух додан
  • Ковус

  • 10 январ 2017 09:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд".
Ин фикр комилан беасос аст. Сабаби асосии чангхои Сурия ва Ирок
ихтилофи мазхаби ва радикализми исломи мебошад.

Дар Афгонистон новобаста ба чанги чандинсолаи дохилиаш озоди баён вучуд дорад. Точикистон дар он дарачаи тараккиёт нест, ки озодии баён ба он зарар расонад. Баракс, махдудияти озодбаёни зехни мардумро кунд ва чахонбиниашонро махдуд месозад. Имконияти интихоб ба инкишофи андешарони мусоидат мекунад. Чомеае ки чахонбинии васеъ дорад, аз чомеаи тангназар бехтар аст.
Посух додан
  • Виркан

  • 10 январ 2017 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайфулло Сафаров,
Мухтарам Сафаров, чи тавр озодии баён дар чомеа тавлид мешавад? Яъне гуфтани хасти, ки аввал Афгонистонро чомеаи демократи кунему пас аз он озодии баёнро барояш ичозат дихем??? Вахахахахаха! Ин гуна мантики ачибро бори аввал мебинам. Озодии баён барои хама гуна чомеа хуб аст, хама гуна чомеаи кафомондаро пешрав хохад кард.
Посух додан
  • Muhojir

  • 10 январ 2017 21:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[quote=Сайфулло Сафаров] Ман гуфтам,ки дар Афгонистон ба акидаи коршиносони мо озодии баён ба чомеа хатар дорад, вале ба кишвархои пешрафта фоида."
Tojikiston ba kadom guruh dohil meshavad? Ba Afgonistoni jangzadai kashok? Agar ha ,pas bahoi shumo chand?
Посух додан
  • Чавон

  • 10 январ 2017 23:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар озодии баену гуногунандеши набошад, чаноби Холикназар чаъмият ҳеҷ вакт рушд намекунад.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!