8 октябр 2013, 10:48
“Озодагон” ин ҳафта аз чанд нафар пурсид, оё аз наздик шудани фасли сармо ё зимистон наметарсанд.
7 октябр 2013, 13:24
Сергей Наришкин, раиси парлумони Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, имрӯз, 7-уми октябр, зимни як мулоқот дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон гуфт, барои тоҷикистониён дар Русия ҳаққи сесолаи кор ироа хоҳад шуд.
7 октябр 2013, 11:35
Мушаррафа Шарифова, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки чанде пештар мақомот як қисми манзили ӯро тахриб (хароб ё вайрон) карда буданд, мегӯяд, натавонистааст ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияашон ӯро аз наздик бубинад.
7 октябр 2013, 10:55
Мақомоти пулиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон як омӯзгори 60-солаи мактаби рақами ҳашти ин ноҳияро ба гумони дастдарозӣ ба номуси ду толиба боздошт кардаанд.
7 октябр 2013, 10:01
Дар пайи шикояти сокинони шаҳраки Навободи минтақаи Рашт, алайҳи Ғаюр Ҳайитов лейтенанти калони милитсия, нозири БДА дар ин минтақа санҷиши хидматӣ оғоз шудааст.
7 октябр 2013, 09:35
Имрӯз, 7-уми октябр, дар шабакаи интернет ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз номи як гуруҳ волидон аз ноҳияи Бохтар мактуби кушоде нашр гардид, ки оиди ҳодисаҳои “облава” нақл мекунад.
5 октябр 2013, 16:45
Саҳомони бинои баландошёнае, ки дар кӯчаи “Бохтар-46”-и Душанбе қомат афрохта, вале сохтмонаш бар асоси Генплан қатъ шудааст, эълон доштанд, ки базудӣ барои додхоҳӣ пушти дари Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳанд рафт.
4 октябр 2013, 17:46
Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар ин масҷид иброзӣ нигаронӣ намуда, аз ҷавонони кишвар хост, аз ингуна амалҳои нанговар даст кашанд.
4 октябр 2013, 15:45
Имрӯз, 4-уми октябр, баҳси рӯёндани 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн аз Вазорати умури дохилӣ ба нафъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, ки соли 2011 дар пайи боздошти маъмурони милиса фавтида буд, дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз шуд.
4 октябр 2013, 09:09
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки вуруди силоҳ ба Тоҷикистон муваққатан боздошта шавад.
3 октябр 2013, 15:07
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3 октябр дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Ваҳдат бо ёдоварӣ аз афзоиши муроҷиати мардуми ин ноҳия ба Дастгоҳи раисиҷумҳур аз роҳбарияти ноҳия хост, дар қабули шаҳрвандон фаъолтар бошанд.
3 октябр 2013, 12:28
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, аз 21-уми сентябр то кунун беш аз 80 дарсади зоирони тоҷикро ба Маккаву Мадина интиқол додааст.
3 октябр 2013, 10:14
Дурбинҳои назоратӣ (камера) дар кӯчаҳои асосии пойтахти Тоҷикистон, ки бояд рӯзи якуми октябр фаъол шуда, хатои ронандагонро сабт мекарданд, ҳанӯз ба кори худ оғоз нанамудаанд.
2 октябр 2013, 17:31
Аҳлиддин Иброҳимов, раиси ҷамоати Ҳоит раҳбари кони ангишти Назарайлоқ таъин шудааст.
2 октябр 2013, 15:18
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ ҷавонон дар шаҳри Чкалов хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам мешаванд.