Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 март 2017, 00:49
19 март 2015, 14:12

12 соли зиндони сокини шаҳри Кулоб барои паҳни равияи «Таблиғ» дармасҷидҳо

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини шаҳри Кулоб вилояти Хатлонро бо гуноҳи дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ, ғайриқонунӣ гирифта гаштани яроқ 12 соли зиндон дар коллонияи ислоҳии дорои низомаш пӯрзур маҳрум кард.

19 март 2015, 10:45

Дидаҳои интизор ба роҳи фарзанд

Хушунати оилавиро агар замоне дар зӯрии шавҳар нисбати фарзанд медонистанд, имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин дард ба он оварда расонидааст, ки ҳатто фарзандон нисбати волидони хеш хушунат мекунанд.

18 март 2015, 17:10

Ҷавонони Суғдро чӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебарад?

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи 23 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” оғоз кардааст. Гуфта мешавад ин афрод охири соли гузашта ва аввали соли равон дастгир шуда, ҷавонони ноҳияҳои Истаравшану Конибодом, Исфара, Бобоҷон Fафуров ва Ашт мебошанд. Алайҳи ин дастгиршудагон, ки ҳоло додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи онҳоро муҳокима мекунад тибқи 187, қисми 2: “иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ” бандҳои 307, қисми 3: “иштирок дар фаъолияти созмони фаъолияташ манъшуда “-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон иттиҳом пешниҳод шудааст.

18 март 2015, 09:10

Тоҷикистон: Ҳар рӯз 40 зан мавриди хушунат қарор мегиранд

Шаҳодат Иброҳимова модари ягона духтаре аст, ки мегӯяд духтарамро бо умед ба шавҳар додам, аммо пас аз як ҳафтаи хонадоршавии духтарам хушунату зӯроварии домоду хушдоманро нисбати духтарам эҳсос намудам. Ин модари ҷабрдида мегӯяд, ман он оиларо намешинохтам ва барои ман бегона буд, аз сабаби хушдоманаш зани маълумотдор будан розӣ шудам, ки духтарам келини он хонадони онҳо гардад. Ин модари ҷабрдида мегӯяд, бо умеди он ки фарзандор шаванд шояд зиндагиашон беҳтар мешавад ман интизор менишастам, вале мутаасифона ин ҳолат бадтар гашт.

17 март 2015, 21:00

Хушунат ба мардон: Дилмурод 30 дона дору хӯрд…

Дилмуроди 46-сола банди арғамчинро ба гарданаш андохта, мехост аз ин дунё, аз ин ҳама таънашунавиҳои ҳамсар ва аз ин ҳама мушкилиҳои ҳаётӣ худро бираҳонад. Ба гӯшаш садое меомад, он садо ӯро ба сӯи хеш мехонд…

17 март 2015, 14:22

Ноболиғе, ки намедонад фарзанди шикамаш аз кӣ аст?

Бо эълон гаштани соли 2015- соли оила, хостем аз вазъи баъзе оилаҳо, аз наздик ошноӣ пайдо намоем. Дар зимн , бояд қайд намоем, ки ҳадаф ана ҳамон «Қонуни масъулияти волдайн» аст, ки то куҷо дар миёни падару модар ҷиҳати татбиқ қарор дорад?

17 март 2015, 12:10

ДИИШ Тоҷикистонро забт мекунад?

Аз рўи силсиланаворҳои аз сўи ҷангиёни Давлати Исмломи Ироқу Шом (ДИИШ) дар интернет интишор меёфта маълум мешавад, ки ун тоифа кайҳо боз ба қавле ба хуни мардонии сиёсии Тоҷикистон «ташна»-анду барои вуруд шудан ба ин кишвари осоишта такопуи зиёде доранд. Яке аз таҳдидгарон мегуяд, аз Баѓдодӣ иҷоза гирифта Тоҷикистон меояду дигар, омаданро хабар надона унвонии руҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷи Мирзо ва Президенти мамлакат, ҳар чӣ мехоҳад, мегуянд. Ҳарчанд ҷиддӣ гирифтани ҳарфҳои он ҷоҳилон, кори хандаовар аст, аммо дар ин росто саволе пайдо мешавад, ки оё ин тудаи бетамкин Тоҷикистон меоянд?

17 март 2015, 11:55

Тарс аз ДИИШ барои соҳиб шудан ба назорати марзи Тоҷикистон аст?

Муовини вазири дифои Русия -- Анатолий Антонов дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, “Давлати исломӣ” аз ҳама беш ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Ин ҳушдори мақомдори рус дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳарфи “хатари таҳдиди “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон” аз забони бархе мақомоти Тоҷикистон низ матраҳ шуда буд.

17 март 2015, 11:22

Бозори гарми танфурӯшон

Дар паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон, нисбати зиёд шудани бемории ВНМО (СПИД) дар байни ҷавонон ва афзоиши равандҳои номатлуби ин беморӣ, қайд гардид.

17 март 2015, 09:10

Ифродгароӣ дар байни ҷавонон

Асри 21 давраи тарақиёт ва пешрафти бемисли технология муосир мебошад. Та чанд моҳи ахир ҷавонони тоҷик ба ҳар гуна гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳамороҳ шуда ба Давлатҳои Сурия ва Ироқ азми сафар мекунанд. Кош онҳое, ки дину ҷиҳод мегуянд ба амалҳои ваҳшиёнаи гуруҳҳо зикршуда хуб ошно мешуданд. Ба гумонам агар як фард дар дилаш заррае имон ва хиради инсони дошта бошад, аз амалҳои он инсонҳои бадсиришт дилаш реш-реш шуда аз чашмонаш ашк ҷори мешавад.

15 март 2015, 17:22

Туркҳо дар Кӯлоб террорист тайёр мекунанд?

Тайи чор моҳи охир дар маркази забономӯзии «Баҳор», ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ аст,сару садоҳои зиёд ба вуқуъ пайваст. Бояд гуфт,ки ин марказ аз соли 2009 инҷониб фаъолият дорад, ки хусусӣ буда, хонандагони зиёд инҷо забономӯзӣ мекунанд. Дар марказ забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва капютер низ омӯзонида мешавад ва муҳассилин баъди омӯзиш соҳиби шаҳодатномаи марказ мегарданд.

13 март 2015, 19:51

200 таҳдид ба як ҳамноми Сулаймон Қаюмов

Як сокини Кӯлоб мегӯяд, азбаски номи ӯ ҳам Сулаймон Қаюмов аст, баъди қатли Умаралӣ Қувватов дар "Одноклассники" садҳо таҳдид гирифта, маҷбур шудааст, номи саҳифаашро дар "Одноклассники" дигар кунад.

13 март 2015, 19:44

Сил сабаби талоқи наварӯс

Шавҳари Садбарг Ҳайдарова (ному насаби мустаор), сокини шаҳри Сарбанд, ӯро бо «ҷурм»-и силкасал шудан пас аз ним соли ҳамзистӣ бо исрори модари худ талоқ додааст.

13 март 2015, 19:37

Бӯҳронҳои иқтисодӣ, ҳолатҳои равонӣ, набудани ҷои корӣ омилҳои куштор!

Агар соли 2014 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, аз ин 31 адади он ҷинояти куштор аст. Танҳо моҳи январ дар ҷумҳурӣ 14 ҷинояти куштор ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 9 адади он ба вилояти Суғд рост меояд.

13 март 2015, 14:01

Лидером «Группы 24» стал Шарофиддин Гадоев

Преемником Умарали Кувватова, убитого в ночь на 5 марта, стал Шарофиддин Гадоев. Об этом говорится в распространённом 12 марта заявлении политсовета «Группы 24». Заместителем главы группы стал 27-летний Собир Валиев.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!