Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 ноябр 2017, 17:43
4 октябр 2017, 08:41

Эмомалӣ Раҳмон тирандозии Лас-Вегасро амали золимона хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба тирандозии пурқурбонии Лас-Вегас унвони ҳамтои амрикоияш номаи таслият фиристодааст.

3 октябр 2017, 16:23

Баъд аз Ҳалимов. Русия гуфт, фармондеҳи қазоқи ДИИШ дар Сурия кушта шуд

Расонаҳо бо истинод ба вазорати дифои Русия хабар доданд, ки тайи ду рӯзи ахир дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Сурия 7 фармондеҳи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) кушта шудаанд, ки миёнашон як зодаи Қазоқистон низ ҳаст.

2 октябр 2017, 16:38

Ноиби президенти АИ хостори таълими фанни “қонуни танзим” дар мактабҳо шуд

Профессор Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда, ки қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба сифати як фанни алоҳида дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс дода шавад.

2 октябр 2017, 14:58

Баррасии амнияти парвозҳо ва интиқоди Зуҳуров аз “Тоҷик Эйр”-у “Сомон Эйр”

Маҷлиси намояндагони Тоҷиикистон ба “Тоҷикаэронавигатсия” иҷозат дод, ки барои таъмини амнияти парвозҳо дастгоҳҳои муосири радиоэлектрониро бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ вориди кишвар кунад.

2 октябр 2017, 10:53

Созиш барои интиқоли бемонеаи нерӯҳои СААД дар вазъи тезутунд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми октябр Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо ва инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбиро қабул намуд.

29 сентябр 2017, 10:31

Раҳимзода: Дар Тоҷикистон зархаридони хориҷӣ амал мекарданд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 29-уми сентябр дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекин идома дорад, изҳор дошт, ки воқеаю ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон рух медиҳанд, шаҳодати онанд, ки ягон давлат наметавонад аз амалҳои террористӣ эмин бошад.

29 сентябр 2017, 10:02

Муовини сарвазир: Касе ҳаққи хато кардан дар сохтмони Роғунро надорад

Муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, ҳеч касе ҳаққи хато кардан дар сохтмони НБО “Роғун”-ро надорад. Азим Иброҳим ин нуктаро рӯзи гузашта, 28 сентябр зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқӣ обии “Роғун” изҳор доштааст.

29 сентябр 2017, 09:53

Ҷаласаи ҳукумат: Аз омодагӣ ба зимистон то тағйири қонун дар бораи озодии виҷдон (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми сентябр ҷаласаи ҳукумат баргузор намуд.

27 сентябр 2017, 10:33

Азми Раҳимзода барои истирдоди ҷинояткорон аз Туркия (АКС)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Мехмет Эрсой, муовини вазири корҳои дохилии Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.

27 сентябр 2017, 10:09

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон: Муовини аввали раис иваз шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор Ҷуъмахон Ғиёсовро аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.

26 сентябр 2017, 15:35

Пешниҳод: 2018 соли Садриддин Айнӣ эълон шавад!

Як журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карда, ки 2018 соли Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муоссири тоҷик эълон шавад. Ин пешниҳод дар пайи сару садоҳо перомуни кӯч додани қабри ӯ ироа шудааст.

26 сентябр 2017, 12:53

Натиҷаи муқаддамотӣ: Беш аз 93% барои истиқлол раъй додаанд

Бар пояи натиҷаҳои муқаддамотии шумораи баргаҳои раъйдиҳӣ, беш аз 93 дарсад ба тарафдории истиқлоли Курдистон овоз додаанд.

26 сентябр 2017, 12:51

Мулоқоти 2-юм: Э.Раҳмон дар меҳмонии Трамп (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар зиёфати расмӣ аз номи ҳамтои амрикоияш Доналд Ҷон Трамп иштирок кардааст.

25 сентябр 2017, 18:04

Тағйироти кадрӣ: Аз барканории раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе то...

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Сафармо Имомзодаро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод кардааст.

25 сентябр 2017, 16:46

Сафорати Саудӣ дар Душанбе хабари нашршуда аз номи сафирро такзиб кард

Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ хабарҳои нашршуда дар бархе аз пойгоҳҳои электрониро бепоя хондааст.

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!