Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 28 июн 2017, 10:22
22 апрел 2016, 15:40

Муаррифии китоби нави президент дар бораи суръати асп

Дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон маросими рӯнамоӣ аз китоби тозанашри Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммадов , раисиҷумҳури ин кишвар баргузор шудааст.

7 апрел 2016, 16:30

Манъи таблиғи “донандаҳои ғайб” дар Туркманистон

Туркманистон таблиғи хизматрасонии гипноз, табибони халқӣ, фолбинҳо, ситорашиносон, ҷодугарон ва афроди дигареро, ки худро донандаи ғайб меҳисобанд, мамнӯъ шудааст.

14 март 2016, 11:53

Бердимуҳаммадов дар Покистон хатти интиқоли гази ТАПҲ-ро баррасӣ мекунад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба Покистон меравад.

8 феврал 2016, 11:22

Купрукеро, ки ба президент писанд нашуд, тахриб карданд

Дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон баҳсҳо атрофи як пули навсохте, ки чанд гузаргоҳ дорад ва ҳамагӣ се моҳ пеш баъди як таъмири куллӣ ба истифода супурда шуд, афзудааст. Сару садоҳо дар ин хусус аст, ки гӯиё ин пул ба президенти ин кишвар писанд нашуда, ва аз ин рӯ тахриб мешавад.

5 феврал 2016, 16:45

Туркманистон: Бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ иҷозат дода мешавад

Лоиҳаи нави Конститутсияи Туркманистон дар фурсатҳои наздиктарин ба муҳокимаи умум гузошта мешавад, хабар медиҳад нашрияи "Хроника Туркменистана"

1 феврал 2016, 10:06

Президент китоби навашро дар ҷаласаи ҳукумат муаррифӣ кард

“Сарчашмаи хирад”. Бо ҳамин унвон китоби нави Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон нашр шудааст.

15 январ 2016, 16:14

Бузу гӯсфанд ба ҷойи маош

Иттиҳодияи давлатии “Туркменмаллари”, ки ба парвариши чорво дар Туркманистон машғул аст, тасмим гирифтааст ба кормандонаш ба ҷойи маош бузу гӯсфанд бидиҳад.

13 январ 2016, 10:21

Туркманистон фурӯши долларро қатъ кард

Бонкҳои Туркманистон фурӯши асъори хориҷиро қатъ карданд ва ин ба ҷаҳиши арзиши онҳо дар бозори сиёҳ сабаб шуд.

5 январ 2016, 11:15

“Газпром” аз гази Туркманистон даст кашид

Ширкати “Газпром”-и Русия дар моҳи январи соли 2016 аз харидории гази табии Туркманистон даст мекашад.

8 декабр 2015, 12:40

Президент гуфт, Туркманистон бетараф хоҳад монд

Дар Ашқобод ҷаласаи Шӯрои куҳансолон бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргузор шуд.

1 декабр 2015, 08:38

Таронаи президент ба Китоби Гиннес роҳ ёфтааст

Суруди "Ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари дӯстдоштаам - Туркманистон", ки аз ҷониби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон таҳия шуда, онро дар толор беш аз 4 ҳазор нафар якҷоя сароидаанд, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Ҷаноби Бердимуҳаммадов ин сурудро на ба таври зинда, балки дар шакли сабтшуда иҷро кардааст.

27 октябр 2015, 15:52

Туркманистон 1020 зиндониро афв мекунад

Дар Туркманистон беш аз 1000 маҳбус ба озодӣ мебароянд.

7 октябр 2015, 15:16

Президенти Туркманистон вазирони дифоъ ва амниятро иваз кард

Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бахши қудратӣ тағйироти кадрӣ роҳандозӣ карда, вазирони дифоъ ва амниятро иваз кард.

29 сентябр 2015, 16:07

Нашри роман дар бораи зиндагии туркманҳо дар Шветсия

Дар Шветсия романи нависандаи туркман Ақ Велсапар, ки тӯли солҳои зиёд дар ин кишвар зиндагӣ мекунад, нашр шуд. Романи “Ривоят дар бораи Айпӣ” дар бораи зиндагии ҷомеаи муосири Туркманистон ҳикоят мекунад.

18 сентябр 2015, 15:52

Мӯйсафедони Туркманистон обу барқи бепулро намехоҳанд

Шӯрои солмандони Туркманистон дар пайи як нишаст дар шаҳри Аваз пешниҳод кардаанд, хизматрасониҳои комуналии бепул қатъ шаванд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!