Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 03:32
23 май 2017, 10:24

Нақшаи даъвати наваскарон: Душанбею Хатлон 100% иҷро кард

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ давоми 50 рӯз 98 дарсад иҷро шудааст.

23 май 2017, 10:06

3 маслиҳати Мирхоҷа ба вазири тандурустӣ: Ба духтуронатон бигӯед...

Ато Мирхоҷа, шоири шинохтаи тоҷик, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар хитоб ба Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустии кишвар дер омадани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва саривақт нарасондани кӯмаки тиббиро ба миён гузоштааст.

23 май 2017, 09:56

Эмомалӣ Раҳмон ба дидани шоу-барнома бо иштироки “беҳтарин овозхонҳо” меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Шоу-барномаи фарҳангӣ” иштирок мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба “Озодагон” хабар доданд.

23 май 2017, 09:35

Вазири Амороти Араб ба Тоҷикистон меояд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Шайх Абдулло ибн Зойид ал Наҳён, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.

23 май 2017, 08:39

Эмомалӣ Раҳмон: Ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат бадбахтӣ меорад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, онҳоро “ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ” даъват намуд.

23 май 2017, 07:50

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 23-юми май - 143-юмин рӯзи сол. То поёни сол 222 рӯзи дигар монда.

22 май 2017, 18:24

Шӯрои уламо ба судяшавандаи ҷавон: Зулм накунед

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба як ҷавони донишҷӯй, ки оянда додрас шуданист, дар бораи пайомадҳои хатои судяҳо аз нигоҳи шариат иттилоъ додааст.

22 май 2017, 16:44

“Баъди қабули қонуни танзим хароҷоти шаҳрвандон 3 маротиба коҳиш ёфтааст”

Баъди қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пасандози мардум аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфт. Ин нуктаро Муслиҳиддин Хоҷамиров, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иброз доштааст.

22 май 2017, 16:28

“Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷузъи калидии баррасии суҳбати вижа доир ба самти башардӯстонаи лоиҳаи Як Ҳалқа ва Як Роҳ буд”

Дар Чин ҳамкорӣ бо дафтари намояндагии ин федератсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибониҳои он аз барномаҳои ҶҲАТ баррасӣ шуданд.

22 май 2017, 16:10

Адвокати рус: Талош мекунам, омилони латту кӯби муҳоҷирони тоҷик муҷозот шаванд

Як вакили дифоъ дар Русия ҳимояи ду шаҳрванди Тоҷикистонро бар зима гирифтааст, ки гуфта мешавад аз сӯи кормандони пулис мавриди латту кӯби бераҳмона қарор гирифтаанд.

22 май 2017, 15:16

Мақоми Тоҷикистон дар раддабандии шароит барои сайёҳони мусалмон

Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси саёҳати мусалмонон 2017” (Global Muslim Travel Index) мақомашро дигар накарда, дар ҷойи 26-ум нишастааст.

22 май 2017, 14:54

Хадамот “Пайванд”-ро ҳам 10 ҳазор ҷарима баст...

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҷамъияти “ССП Пайванд”-ро, ки ба хизматрасонии терминалҳо машғул аст, 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

22 май 2017, 14:30

“Сайёраи сабз”-и Наврӯз Саидов дар Осорхонаи миллӣ

Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизбони намоиши аксҳои аккоси ҷавон Наврӯз Саидов мешавад.

22 май 2017, 14:26

Эълони оғози Рамазон, ҳисоби закот ва ҳаҷми садақаи фитр

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми май санаи оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми закот ва садақаи фитрро муайян намуд.

22 май 2017, 11:24

Шӯрои уламо: Тақвимҳои нашршудаи Рамазон дуруст нестанд

Шӯрои улмои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон, ки дар кӯчаҳо фурӯхта мешаванд, дуруст нестанд.

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!