Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 октябр 2017, 18:07
12 май 2015, 16:33

Хоҳари серфарзанд гурдаашро ба бародараш дод...

Ҷарроҳии Маснавшоҳ Муминшоев, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки ҳар ду гурдааш аз кор монда буданд, бомуваффақият дар шаҳри Маскав ба анҷом расидааст.

4 апрел 2015, 10:07

АКС: Кӯмак кунед, то Омина ҳам садои модарашро шунавад

Аминҷон Талбиев, як сокинони шаҳри Душанбе барои табобати тифли 4-солааш, ки модарзод гунгу ношунаво ба дунё омадааст, аз ҳамватанон ва нафарони саховатманд кӯмак мехоҳад.

3 апрел 2015, 09:15

ВИДЕО: Кӯмакхоҳии Маснавшоҳ, падари се кӯдак: Наҷотам диҳед!

Наздикони Маснавшоҳ Муминшоев, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки аз бемории гурда ранҷ мекашад, барои муолиҷаи ӯ аз раисиҷумҳур, Вазорати тандурустӣ ва тамоми мардуми кишвар кумак мехоҳанд.

11 март 2015, 14:41

ВИДЕО: Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент

Давлатбӣ Холова, як зани 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои хайриявӣ ва мардуми саховатпеша барои табобаташ кӯмак мехоҳад.

17 декабр 2014, 08:00

(ВИДЕО) Кӯмакхоҳии маъюб аз президент: Писарамро наҷот диҳед

Қурбоналӣ Муродов, як сокини 56-солаи шаҳри Душанбе бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт ва мардуми хайрхоҳ барои табобати писари бемораш кӯмак мехоҳад.

21 апрел 2014, 12:43

Номаи хонандаи маъюби "Озодагон" барои дарёфти кумак

Яке аз хонандагони “Озодагон” бо номи Абдурашид Сафаров бо ирсоли номае ба унвонии хабаргузорӣ аз маъюб будани худу ба табобати ҳамешагӣ шадидан ниёз доштанаш хабар дода, аз афроди саховатпеша дархости кумак кардааст.

11 феврал 2014, 10:35

Ромиси 7-моҳа дар Русия мунтазири ҷарроҳист ва ба пул ниёз дорад

Ромис Бобоев, кӯдаки 7-моҳаи тоҷик фавран ба иваз намудани ҷигар ниёз дорад, ки модараш омода аст, барои ӯ ҷигарашро диҳад, аммо барои гузарондани ҷарроҳӣ маблағи кофӣ надоранд.

23 ноябр 2013, 10:02

ВИДЕО: Ҷабраилхӯҷаи 9-соларо наҷот диҳед!

Волидони Ҷабраилхӯҷаи 9-сола, ки 5 сол боз аз дарди гурда азият мекашад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки дар наҷоти ҷигарбандашон ба онҳо кӯмак кунанд.

31 июл 2013, 12:34

«Дасти ёрӣ» барои кӯмак ба Достон Давлатшоев «Синамо дар фазои боз» намоиш медиҳад

Созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» ва торнами фарҳангии «tonight.tj» барои кӯмак ба Достон Давлатшоев, як тифли мариз иқдоми хайрияи «Синамо дар фазои боз»-ро роҳандозӣ мекунанд.

29 июл 2013, 13:21

Кумакхоҳии модар: "Ёрӣ кунед, тифламро аз даст медиҳам"

Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо навиштани як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, афроди доро ва саховатпешаи кишвар барои табобати тифли даҳмоҳааш кумак хостааст.

18 октябр 2012, 05:55

Фархунда ба ҳазор доллар ниёз дорад

Фархундаи Ғайрат, як бонуи тоҷик, ки дар сини 13 солагӣ бо иллати нодуруст табобат кардани пойи росташ аз ҷониби осебшиноси беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент маъюб гардидааст, барои муолиҷа ба кӯмаки молӣ ниёз дорад.

15 сентябр 2012, 06:14

Ба Фаромӯзи ҷавон дасти ёрӣ дароз намоед

Волидайни Фаромӯз, як ҷавони 21- сола аз кӯҳистони Бадахшон аз мардуми кишвар хоҳиш доранд, барои наҷоти фарзандашон ба онҳо кўмак намоянд.

13 сентябр 2012, 10:36

SoS: Фаромӯз ба кӯмаки Шумо ниёз дорад!

Волидайни Фаромӯз, як ҷавони 21- сола аз кӯҳистони Бадахшон аз мардуми кишвар хоҳиш доранд, барои наҷоти фарзандашон ба онҳо кўмак намоянд.

2 август 2012, 08:48

Ҳамида Юнусова: Барои табобати писарам ба кӯмак ниёз дорам

«Писарам дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад. Аммо барои табобати ӯ маблағи кофӣ надорем. Ҳар лаҳза аҳволаш бадтар шуда истодааст. Ҳоло ҳайронем, ки чӣ кор кунем, то ӯро аз ин беморӣ наҷот диҳем». Ин ҳарфҳои модарест, ки бо далели фақирӣ дар илоҷи табобати фарзанди худ ночор мондааст.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!