Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 05:14
7 сентябр 2016, 09:13

Нахустин гуруҳи зоирини тоҷик 9 сентябр ба водии Мино меравад (АКС)

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, хаймаҳо барои зисти ҳоҷиёни тоҷик дар водии Мино пурра омода шуда, қарор аст нахустин гуруҳи зоирин 9 сентябр ба ин минтақа сафар намоянд.

5 сентябр 2016, 12:34

Шӯрои уламо рӯзи ид, соати намоз ва мавзӯи мавъизаҳоро муайян кард

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон дар кишварро 12-уми сентябр муқаррар кардааст.

3 сентябр 2016, 08:55

Чаро бархе донишмандон расули Худоро таҳқир мекунанд?

Ҳама медонанд, ки бо ҳарфу андешаи онҳо ҷойгоҳ ва шарофту қадосати пайёмбарони Худо ва орифону донишмандони ростин газанде намебинанд. Таърихи башарият чунин инсонҳоро зиёд дидааст ва боз зиёд хоҳад дид.

2 сентябр 2016, 11:44

Шӯрои уламо санаи тахминии Иди Қурбонро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳисоби тахминӣ Иди Қурбон дар кишвар 12-уми сентябр таҷлил хоҳад шуд.

1 сентябр 2016, 11:22

Э.Раҳмон барои фарзандони нохалаф сураи “Исро” хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми сентябр дар мулоқот бо донишомӯзон ва сокинони ноҳияи Данғара аз зиёд шудани бошандагони хонаҳои пиронсолон изҳори нигаронӣ карда, онро далели зери по шудани анаъанаҳои миллӣ ва мазҳабӣ хонд.

31 август 2016, 08:50

Нахустин парвози ҳавопаймои “Флай-нас” барои интиқоли зоирини тоҷик ба Ҷидда

Имрӯз, 31 август ширкати арабии “Флай-нас” нахустин парвози худро барои интиқоли зоирини тоҷик аз самти Душанбе ба Ҷидда анҷом хоҳад дод. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Кумитаи дини Тоҷикистон хабар доданд.

26 август 2016, 15:31

Муфтӣ теъдоди ҳизбҳои исломии зидди Исломро эълон кард

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаҳон 18 ҳизбу ҳаракатҳое бо номи Ислом муқобили мусалмонон меҷанганд.

25 август 2016, 11:03

Даъвати масъули Кумитаи дин: Назди Хонаи Худо барои тинҷиву оромии кишвар дуо кунед (АКС+ВИДЕО)

Нахустин гуруҳи зоирини тоҷик ба Маккаи мукаррама, зодгоҳи Расули Акрам, макони нузули Қуръон расидаанд.

25 август 2016, 09:03

Э. Раҳмон: Дар рӯзҳои ид ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон аз масъулин даъват кард, ба мардум фаҳмонанд, ки тибқи таълимоти дини мубини Ислом киҳо метавонанд қурбонӣ кунанд ва хайроту садақа диҳанд.

24 август 2016, 15:16

Дархости мусалмонон аз Владимир Путин: Идҳои Рамазон ва Қурбонро истироҳат эълон кунед

Мусалмонони Русия бо гирдоварии имзо хостори истироҳат эълон шудани рӯзҳои Иди Фитр (Рамазон) ва Қурбон дар сатҳи давлатӣ шудаанд.

22 август 2016, 12:50

Нобинои панҷсола Қуръони Каримро ҳифз кардааст

Як кӯдаки панҷсола аз Арабистони Саудӣ китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони Каримро ба таври комил ҳифз кардааст.

22 август 2016, 10:16

Гуруҳи нахустини зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ расид (АКС+ВИДЕО)

Аввалин гуруҳи зоирон аз Тоҷикистон дирӯз, 22 август вориди Арабистони Саудӣ шуд.

19 август 2016, 17:47

Сабти 643 зани ҳиҷобдор дар Хуҷанд

Раёсати умури дохилии шаҳри Хуҷанд 643 зани ҳиҷобдорро ба қайд гирифтааст. Ин нуктаро Эмин Ҷалилов, сардори ин раёсат дар ҷаласаи кории шаҳрдори Хуҷанд иброз доштааст, хабар медиҳад Ca-news.

10 август 2016, 16:06

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Кумитаи дини Доғистон аз Абдулазиз Раҷабов, сокини 65-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳоҷӣ-пиёда маъруф аст, истиқбол кардааст.

10 август 2016, 09:49

Омодагии нахустин гуруҳи зоирини тоҷик барои парвоз ба Арабистони Саудӣ

Аввалин гуруҳи зоирини тоҷик баъди 11 рӯз ба қасди зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!