Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 27 сентябр 2017, 01:07
7 сентябр 2017, 17:00

ВКД барои беҳтарин лоиҳаи барномаи телевизиониаш 3000 сомонӣ медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз эълони озмуни лоиҳаҳои ҷолиб барои барномаҳои телевизионии “Ахбори ВКД” ва “Милитсия-ҳомии ҷомеа” хабар медиҳад.

6 сентябр 2017, 17:40

Ғолибони DigitalCamp аз Tcell маълум шуданд!

Лоиҳаи инноватсионӣ ва технологии Tcell зери унвони DigitalCamp, ки тули се моҳи тобистон идома дошт, ҷамъбаст гардид. Аз моҳи июн сар карда иштирокчиён ба хотири дарёфти роҳҳо, имконоти рақамии бештар ба хотири рушд ва амалӣ гардонидани идеяҳои тиҷории хеш гирд омада буданд.

6 сентябр 2017, 16:43

Ҳалокати ноболиғи 6-сола. Нон дар гулӯяш дармондааст

Давоми чор рӯзи ахир дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар шимоли Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидааст.

6 сентябр 2017, 16:20

Лимити барқ дар мекубад?

Бархе сокинони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, чандест дар манзилҳояшон неруи барқ барои чанд соат қатъ мешавад.

6 сентябр 2017, 13:57

Хуҷанд: Баҳси ду донишҷӯ бо кордкашӣ анҷом ёфт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи муноқишаву кордкашии донишҷӯён дар шимоли кишвар як ҷавон ҷароҳати вазнин бардоштааст.

6 сентябр 2017, 12:11

Тоҷикистон дар гузориши дараҷаи хушбахтӣ мавқеашро 10 зина беҳтар кардааст

Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди дараҷаи хушбахтӣ - World Happiness Report 2017 миёни 155 давлати дунё дар ҷойи 96-ум аст.

6 сентябр 2017, 11:28

Ҳалокати шикорчӣ баъди афтидан аз баландии 17 метр дар Сафедкамар

Як сокини 32-солаи ноҳияи Нуробод ҳангоми шикори кабк дар доманакуҳи мавзеи Сафедкамар аз баландӣ ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.

6 сентябр 2017, 10:43

Сабаби сӯхтори бозори марказии ноҳияи Панҷ эълон шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро эълон кард.

6 сентябр 2017, 10:18

Кӯлоб: Замин барои хона ба ҷавононе, ки хизмат рафтаанд

43 ҷавон аз ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд.

6 сентябр 2017, 09:18

Даъват ба терроризм. Шаҳрванди Тоҷикистонро 7 соли зиндон таҳдид мекунад

Дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даъвати оммавӣ ба терроризм боздошт шудааст. Дар сурати исботи ин ҷурм ӯро 7 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

5 сентябр 2017, 16:54

Мактуби боз ба вазири тандурустӣ: Шикоят аз гирифтани “лифтпулӣ” ва “бозори бахилфурӯшон”

Гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дар як мактуби боз ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хостори расидагӣ ба чанд мушкил дар самти хизматрасонии тиббӣ шудааст.

5 сентябр 2017, 15:18

6 пешниҳоди як ҷавони тоҷик ба шаҳрдорӣ, Вазоратҳои маорифу нақлиёт

Як ҷавони фаъоли тоҷик барои роҳат шудани равуои сокинон ва меҳмонони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба раиси шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм, инчунин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳодҳое ироа кардааст.

5 сентябр 2017, 12:22

Ҳусайнов барои кордкашӣ ба тарафи шиносаш наздики 9 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як сокини ин ноҳияро барои 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Миралӣ Ҳусайнов ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт пушти сар хоҳад кард.

5 сентябр 2017, 11:05

Сокини Файзобод: Дар хонаи харидаи ман каси дигар зиндагӣ дорад...

Як сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, дар манзиле, ки ӯ харидааст, нафари дигар зиндагӣ дорад.

5 сентябр 2017, 10:19

ВКД: Маъмури истироҳатгоҳ ҷойи корашро ба фоҳишахона табдил додааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти корманди яке аз истироҳатгоҳҳои ноҳияи Варзоб хабар дод, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад.

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!