Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:13
27 феврал 2015, 16:46

Бархе сокинони Душанбе намедонанд, дар куҷо бояд овоз бидиҳанд

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳарчанд то интихоботи парлумонии якуми март як рӯзи дигар боқӣ мондааст, ҳанӯз даъватнома нагирифтаанд.

27 феврал 2015, 08:17

Ба интихобот меравед? Чаро ҳа, Чаро не?

Якуми март Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ дорад. Пурсиши ин навбати "Озодагон" ин буд, ки "Ба интихобот меравед? Чаро ҳа, Чаро не?"

26 феврал 2015, 15:52

"Бренд" ва охирин “шонс”-и Муҳиддин Кабирӣ

Бархе коршиносон роҳ ёфтани ҲНИТ-ро ба парлумон охирин “шонс”-и ин ҳизб барои боқӣ мондан дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон тавҷеҳ мекунанд.

26 феврал 2015, 10:31

Раҳматилло Зойиров: Байни ҲСДТ ва ҲНИТ ҳам рақобат вуҷуд дорад

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Атохон Ғаниев бо раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров.

24 феврал 2015, 09:20

Фазои интихоботии Хуҷанд дар аксҳо

Якуми марти соли 2015, дуруст баъди чор рӯз дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Хабарнигори “Озодагон” дар вилояти Суғд – Ҷамшеди Маъруф барои муайян кардани фазои интихоботӣ аз кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд дидан карда, овезаву шиорҳои таблиғотиро чанд акс бардошт.

24 феврал 2015, 08:21

С.Сафаров: Тибқи Қонуни асосӣ ҳеч кас наметавонад бастани ҲНИТ-ро пешниҳод кунад (ВИДЕО)

То интихоботи парлумонӣ камтар аз панҷ рӯзи дигар мондааст. Ҳарчанд дар чанд рӯзи ахир як навъ “ҷон” гирифтани таблиғи аҳзоб мушоҳида мешавад, коршиносон фазои интихоботиро камранг мегӯянд. Дар робита ба фазои интихобот, натоиҷи он, фишору таҳдид болои аҳзоб бо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтугӯе анҷом додем, ки пешниҳоди хонанда мегардад.

20 феврал 2015, 10:02

Шикояти номзади ҲНИТ аз монеагузориҳо дар ҳавзаи №11

Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар навоҳии тобеи марказ ва номзади ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи №11, ноҳияи Файзобод аз риоя нашудани амру дастуроти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар робита ба баргузории интихоботи парлумонӣ аз сӯи мақомоти маҳаллии ин минтақа нигаронӣ дорад.

20 феврал 2015, 09:16

М.Кабирӣ: Орзу дорам, дар симои мо душмани сарсахту оштинопазирро набинанд

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Атохон Ғаниев бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ

19 феврал 2015, 07:18

Муовини аввали Э.Раҳмон: Ҳизби қудратманд аз рӯи раъйи мардум муайян мешавад

“Озодагон” тасмим гирифт дар остонаи интихоботи парлумонии якуми март бо раҳбарон ва чеҳраҳои саршиноси аҳзоби сиёсии Тоҷикистон суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом бидиҳад. Ҳоло аз ин силсила мусоҳибаи Атохон Ғаниев бо Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон пешниҳоди хонанда мешавад.

18 феврал 2015, 16:00

Ҷавоби радди Додгоҳи олӣ ба шикояти Бузургмеҳр Ёров

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷикро дар хусуси бекор кардани қарори №45-и Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рад кардааст.

18 феврал 2015, 15:44

(ВИДЕО) Интихобкунандаҳо: Баъди интихобот ҳам дарди дили мардумро пурсед

То интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 11 рӯзи дигар мондааст. Аммо бархе сокинони дорои ҳаққи раъй мегӯянд, то ҳол аз барномаи номзадҳо огаҳӣ надоранд.

17 феврал 2015, 11:38

Нигаронии раиси Ҳизби аграрӣ аз вазъи деҳқони тоҷик дар дидор бо интихобкунандаҳо

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар суҳбат бо интихобкунандаҳо аз вазъи бади деҳқони тоҷик ва хатари ҷиддӣ ба амнияти озуқавории кишвар ҳушдор додааст.

14 феврал 2015, 12:12

Кабирӣ хостори мулоқот бо донишҷӯёни номанависи Суғд шуд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли як нома аз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хостааст, барои мулоқот бо раиси ҳизб -- Муҳиддин Кабирӣ мусоидат ва иштироки 150 донишҷӯро бо як толор фароҳам кунад.

14 феврал 2015, 11:36

(АКС) Ҳизби Кабирӣ ва бархе номзадҳои ҲХДТ ба кӣ намефорад?

Ин “маърака” иборат аз пора кардан ва ба замин партофтани аксу барномаи онҳо мебошад.

14 феврал 2015, 11:22

Вализода: Вазну эътибори сиёсии аҳзоб назди ҳукумат аз писарони “угай” ҳам поинтар аст

Фазои сиёсии кишвар бо оғози марафони интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ранги табииро ҳамон вақт доро мешавад, ки вакилшавандаҳову аҳзоби сиёсӣ аз масоили доғи рӯз ба таври ҷиддию мушаххас сухан намуда, мавзеъгириҳои қонунӣ ва таккондиҳанда намоянд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!