Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 03:30
17 феврал 2014, 13:55

Талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз Абдуфаттоҳи Ғоиб дар додгоҳ (ВИДЕО)

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав имрӯз, 17-уми феврал аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят мебаранд.

13 феврал 2014, 14:24

Зайд Саидов гуфтааст, аз шароити боздоштгоҳ шикоят надорад

Як гурӯҳ аз намояндагони Созмони Милал бо Зайд Саидов -- соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, сӯҳбати кӯтоҳ кардаанд.

8 феврал 2014, 12:25

Талаби HRW аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии Зайд Саидов

Ҳюман Райтс Вотч ё Дидбони ҳуқуқи башар 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони навро, зарбаи сахте ба озодии баён дар Тоҷикистон дониста, хостори раҳоии ӯ шудааст.

7 феврал 2014, 11:15

VIDEO: Шерхон Салимзода аз Зайд Саидову Расул ва баҳс бо Бишкек гуфт

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат, танҳо як ҳолати таҷовуз ба номус аз сӯи ӯ исботи худро ёфтааст.

4 феврал 2014, 15:52

Вакилони Зайд: "Фаттоҳ Саидовро ба додгоҳ мекашем"

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон иддао доранд, ки барои гапҳои беасос дар ҳаққашон Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасодро ба додгоҳ мекашанд.

29 январ 2014, 10:40

Омӯзиши протоколи 200-саҳифагии мурофиаи Зайд Саидов (VIDEO)

Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик ба 26 соли зиндон мегӯянд, ҳоло ба омӯзиши протоколи додгоҳии марбут ба парвандаҳои шахси зертобешон машғуланд.

23 январ 2014, 12:28

Қазияи Зайд Саидов дар Брюссел баррасӣ мешавад

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, мегӯяд, дар доираи ҳамоиши «Мухоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Руссия, Туркия ва мушкилоти онҳо» бо дипломатҳои Аврупо қазияи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро низ ба миён гузоштааст.

18 январ 2014, 10:04

Вакилони Зайд Саидов ҳанӯз натавонистаанд шикоят бубаранд

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, то ҳол натавонистаанд, аз болои ҳукми зиндони нафари таҳти ҳимояташон шикояти кассатсионӣ бубаранд.

10 январ 2014, 14:35

Таҳдид ба тарафдорони Зайд Саидов дар Маскав (ВИДЕО)

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, нафароне, ки ахиран дар ҳамоиш ба тарафдории Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда дар Маскав ширкат доштанд, аз ҷониби афроди номаълум мавриди таҳдид қарор гирифтаанд.

9 январ 2014, 09:28

Ҳукми Зайд Саидов одилона буд, ё фармоишӣ? Қазовати корбарон

Беш аз 60%-и иштирокдорони ин назарпурсӣ, ки 409 нафарро ташкил медиҳанд, гуфтаанд, ҳукм алайҳи Зайд Саидов аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистонро фармоишӣ донистаанд.

6 январ 2014, 10:39

ВИДЕО: “Ҳама барои як кас...” Ҳамоиши ҷавонон ба ҳимояти Зайд

Ҷавонони тоҷики муқими Маскав барои ҳимоят аз Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, як ҳамоиш баргузор намудаанд.

3 январ 2014, 10:47

Шикояти вакилони Зайд ба парлумон ва Нусратулло Абдуллоев

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон ният доранд, имрӯз, 3-юми январ аз болои шартгузориҳои ғайриқонунии додрас Шавкат Абдулхайров ба Маҷлиси намояндагон ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ шикоят баранд.

30 декабр 2013, 16:32

Шарти Шавкат Абдулхайров ба вакилони Зайд Саидов

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ, ки ахиран соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ба вакилони дифои маҳкумшуда шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм матни пурраи онро ба вакилон дастрас хоҳад кард.

30 декабр 2013, 11:58

Тадобири шадиди амниятӣ дар рӯзи шикояти вакилони Зайд ба Суди Олӣ

Дар пайи овозаҳо оиди баргузории гирдиҳамоӣ ба тарафдории Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон имрӯз, 30-юми декабр тадобири амниятӣ дар маҳаллаи Сирки Душанбе, наздикиҳои бинои Суди Олии Тоҷикистон пурзӯр шудаанд.

28 декабр 2013, 10:33

Видеои наворбардори Озодагон аз рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов

Бо вуҷуди монеагузориҳои мақомот ва боздошту ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, як видеои кӯтоҳ аз таҷаммӯи ёрону наздикони Зайд Саидов дар наздикии Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар дасти мо боқӣ мондааст.

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!