Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 05:17
31 март 2015, 12:15

Амрико ба Туркманистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

Ашхобод барои ҳифозат аз марзи Туркманистон-Афғонистон аз Амрико дархости кӯмаки низомӣ кардааст.

17 март 2015, 11:02

Боздошти беш аз 70 нафар ба иттиҳоми узвият ба “Давлати исломӣ”

Мақомоти Туркманистон дар шаҳри Теҷен беш аз 80 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротгарои “Давлати исломӣ” ва “Толибон” дастгир кардаанд.

14 март 2015, 13:20

“ХТ”: “Иштиҳо”-и наздикони президент соҳибкорони туркманро ба хориҷ мегурезонад

“Хроника Туркменистана” аз қасди тарки Туркманистон кардани теъдоди ҳар чи бештари соҳибкорон хабар додааст.

12 март 2015, 12:26

Президент барои гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии шаҳрвандонаш иҷозат дод

Раиси ҷумҳури Туркманистон зери қонун дар бораи баргузории гирдиҳамоиҳои мусолиматомез барои шаҳрвандон имзо гузоштааст.

9 март 2015, 17:00

Барканории Шагулиев аз сафирӣ дар Умон ва Кувайту Саудӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо судури як фармон Назаргулӣ Шагулиев, сафири Ашқобод дар Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон намояндаи расмии ин кишвар дар давлатҳои дигари арабиро барканор кардааст.

4 феврал 2015, 12:17

Туркманистон афви афроди муттаҳам дар нашъаҷалобиро манъ кард

Туркманистон ба хотири пурзур кардани мубориза алайҳи қоқочи маводи мухаддир мавриди афв қарор гирифтани афроди муттаҳам дар нашъаҷалобиро манъ кард.

12 январ 2015, 10:33

Нахустин ҷаласаи Бердимуҳаммадов бо тағйироти кадрӣ ва ҳушдор дар соли 2015

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи нахустини худ дар соли 2015 раиси Бонки марказӣ ва раҳбари Корхонаи давлатии гази ин кишварро барканор карда, ба аъзои дигари ҳукуматаш ҳушдор додааст.

24 декабр 2014, 12:35

Туркманистон: Талаби 5000 доллар барои гирифтани манзил дар "минтақаи хуб”

Сокинони ноҳияи Гажаи шаҳри Ашқобод иттилоъ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб мешавад.

4 декабр 2014, 14:04

Туркманистон барои майдони мармарин 5 миллиард доллар масраф кардааст

Ҳукумати Туркманистон барои бунёди маҷмааи мармарини олимпӣ дар шаҳри Ашқобод ҳудуди 5 миллиард доллар харҷ кардааст.

29 ноябр 2014, 12:25

Дар Туркманистон ба занҳои дуюм тамғаи танфурӯш мезананд

“Шикор”-и занҳои дувум барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба як тиҷорати муфид дар Туркманистон табдил ёфтааст, менависад торнамои “Хроника Туркменистана”.

7 ноябр 2014, 17:14

Эрдуғон Туркманистонро кишвари мавриди таваҷуҳи Туркия хонд

Раҷаб Тайиб Эрдуғон Туркманистонро кишвари мавриди таваҷуҳи Туркия унвон кардааст.

27 октябр 2014, 16:51

Намоишномаи театрӣ аз рӯйи асари президент

Дар театри драмавии Туркманистон намоишномаи “Döwlet guşy”, ки аз рӯйи романи ҳамноми Қурбонгулӣ Бердимуҳамамадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ба саҳна гузошта шудааст, намоиш дода шуд.

22 октябр 2014, 10:20

Сафари дурӯзаи Ислом Каримов ба Ашқобод

Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон дар доираи як сафари расмӣ ба Туркманистон меравад.

13 октябр 2014, 14:35

Акси президент рамзи давлатӣ ё “Большой брат следит за тобой”

Баробари нишону парчам акси президент низ ба рамзи давлатӣ табдил ёфтааст, менависад “Хроника Туркменистана”.

7 октябр 2014, 17:57

Туркманистон аъзои кумитаи минтақавии СҶТ шуд

Туркманистон барои се сол ба ҳайати кумитаи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ интихоб шудааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!