Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:22
27 май 2017, 13:10

Комроншоҳи Устопириён дубора қаҳрамони Осиё шуд

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик дар Ҳонгконг баъди шикаст додани варзишгари ҷопонӣ, Шоичиро Мукаӣ, ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё роҳ ёфт.

25 май 2017, 11:54

Додгоҳи Олӣ Мессиро ба 21 моҳи зиндон маҳкум кард

Додгоҳи олии Испониё Лионел Мессӣ, ҳамлагари дастаи “Барселона”-ро барои пардохт накардани андоз ба 21 моҳи зиндон маҳкум кард.

20 май 2017, 10:25

Мураббии маъруфи тоҷик бо “Терек” хайрухуш мекунад

Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик дар поёни ин мавсим дастаи “Терек”-и Грознийро тарк мекунад.

18 май 2017, 09:29

“Истиқлол” дар меҳмонӣ ҳам “Дордой”-ро мағлуб кард

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2017 тими “Дордой”-и Бишкекро шикаст дод.

17 май 2017, 09:06

Сабқати Осиё-2017: Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шикаст хӯрд

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал дар нахустин дидораш дар мусобиқоти Осиё-2017 ба нокомӣ рӯбарӯ шуд.

13 май 2017, 12:00

Тағйири вақти сабқати “Истиқлол” ва “Олтин-Асир” ба далели Рамазон

Соати бозии даври ниҳоии марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Олтин –Асир”-и Туркманистон бинобар сабаби гармии ҳаво ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон тағйир дода шудааст.

8 май 2017, 16:16

Тасдиқи нишони нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нишони нави ин ниҳодро тасдиқ кардаанд.

6 май 2017, 13:10

Муҷозоти сармураббӣ ва футболбозон барои беодобӣ

Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷамолиддин Оев, сармураббии тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро барои дағалӣ нисбат ба доварон аз ҳаққи иштирок дар 8 мусобиқа маҳрум карда, 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастааст.

4 май 2017, 17:04

Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон мавқеашро ҳифз кард

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 4 май нашр шуд, мавқеашро тағйир надодааст.

4 май 2017, 13:43

Эълони рӯзи Дави миллӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпии кишвар санаи баргузории рӯзи Дави миллиро эълон кард.

3 май 2017, 18:37

4 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Олой”-и Қирғизистон

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон дар даври чоруми марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2017 тими “Олой”-и Қирғизистонро шикаст дод.

3 май 2017, 15:53

Ба курсии сармурабии “Ҳосилот” Ашӯрмамадов такя зад

Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи тими миллии Тоҷикистон сармураббии нави дастаи “Ҳосилот”-и Фархор таъин шудааст.

28 апрел 2017, 17:07

Медали биринҷии шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

Тими занонаи Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар чемпионати Осиёи Марказӣ дар намуди эстафетаи 4х50 мақоми сеюмро касб намуд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

25 апрел 2017, 14:11

Варзишгарони тоҷик аз “Kazakhstan open–WTF G1” бо се медал баргаштанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо (WTF) "Kazakhstan open–WTF G1” се нишон – 1 нуқра ва ду биринҷӣ ба гардан овехтанд.

19 апрел 2017, 09:00

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Олой”-и Қирғизистон

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 тими “Олой”, қаҳрамони футболи Қирғизистонро шикаст дод.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!