Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 05:31
5 декабр 2013, 13:56

ВИДЕО: Талаби 28 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади ниҳоии худ рӯзи панҷуми декабр барои Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав 28 соли зиндон хостааст.

5 декабр 2013, 13:01

156 варзишгар аз Раҳмон ҳалли мусбати қазияи Зайдро хостанд

156 узви Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон (ФТТ) бо ирсоли як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хостаанд, дар марҳилаи ниҳоии баррасии парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, ки ҳамзамон раиси ФТТ мебошад, дахолат кунад.

3 декабр 2013, 11:38

"Муфаттишони парвандаи Зайд Саидовро ҷазо таҳдид намекунад"

Танҳо беш аз як дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар бахши русии “Озодагон” бар инанд, ки алайҳи муфаттишони Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон, ки бо парвандаи Зайд Саидов машғуланд ва дар сохтакории натиҷаи ДНК муттаҳам мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз симаташон барканор хоҳанд шуд.

28 ноябр 2013, 12:20

“Тоҷикистони нав”-и Зайд Саидов ҷаласа доир мекунад

Гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав ҷаласаи навбатии худро рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад кард.

27 ноябр 2013, 11:56

Ҳимояти собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон аз Зайд Саидов

Имрӯз, 27-уми ноябр, дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, Фаррух Муҳиддинов ва котибаи Зайд мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

26 ноябр 2013, 15:46

Холмуродов: “Додгоҳ мегӯяд, мо ҳаққем ё вакилони Зайд”

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ташхиси аввалияи генетикиро, ки нишон додааст, Зайд Саидов -- соҳибкори боздоштшудаи тоҷик падари фарзанди духтарест, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, аслӣ хонда, тақаллубӣ будани онро рад намудааст.

20 ноябр 2013, 15:59

Тақозои ифтитоҳи парванда алайҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод (ВИДЕО)

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, аз болои гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии генералӣ шикоят бурда, талаб кардаанд, ки алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад.

19 ноябр 2013, 09:15

Бародарзодаи Зайд Саидов озод шуд, аммо бе паспорт монд

Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов, ки рӯзи 18 ноябр ҳангоми бозгашт аз Эрон дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид, тақрибан соати 8-и шоми ҳамон рӯз озод гардидааст.

18 ноябр 2013, 15:21

Боздошти бародарзодаи Зайд Саидов ҳангоми бозгашт аэ Эрон

Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав рӯзи 18 ноябр, ҳангоми бозгашт аз Эрон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.

14 ноябр 2013, 10:59

Иштироки дигарбораи писар ва бародари Зайд Саидов дар додгоҳ

Рӯзи панҷшанбеи 14 ноябр мурофиаи навбатии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ баргузор шуд.

9 ноябр 2013, 09:35

Қабули “шарт”-ҳои Зайд Саидов ва оғози баррасии парвандаи дувуми таҷовуз

Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки ахиран мурофиаи додгоҳияшро мазҳака хонда, аз ҳузур дар он худдорӣ карда буд, ахиран ҳамроҳ бо вакилони мудофеъаш розӣ шудааст, ки дар мурофиаҳои минбаъда ширкат кунад.

31 октябр 2013, 12:47

Хуруҷи дарди меъдаи Зайд Саидов дар боздоштгоҳ

Дар гуфтугӯи Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ бо се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи ҳизби Тоҷикистони нав, масъалаи ташхиси ДНК матраҳ шудааст.

17 октябр 2013, 16:13

Баҳси парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” алайҳи Зайд Саидов

Парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, дар ҳоле мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки парвандаи дувум ба ин мазмун ҳанӯз ба додгоҳ ирсол нашудааст.

9 октябр 2013, 09:32

Бозпурсии фарзандон ва келину қудоҳои Зайд Саидов (ВИДЕО)

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, мегӯянд, аз панҷуми октябр ба ин сӯ бозпурсии фарзандону келин ва қудоҳои нафари таҳти ҳимояташон идома дорад.

7 октябр 2013, 15:07

Се ҳамсари Зайд Саидов дар додгоҳ: “Мо бо ӯ зиндагӣ намекунем”

Рӯзи ҳафтуми октябр, ки баъд аз танаффуси якҳафтаина мурофиаи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав” аз сар гирифта шуд, се ҳамсари ӯ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!