Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 17:52
16 ноябр 2016, 16:16

Боздошти корманди тақаллубии нозироти андоз

Кормандони пулис дар вилояти Суғд як ҷавони 24-соларо дастгир кардаанд, ки худро корманди нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов муаррифӣ намуда, аз сокинон пул меситонидааст.

16 ноябр 2016, 10:48

Кадом Президент маоши аз ҳама баланд мегирад?

Нашрияи фаронсавии “Les Echos” ва ширкати омори “Statista” феҳристи раисҷумҳуронеро нашр кардаанд, ки соли 2016 ҳақмузди аз ҳама зиёдро гирифтаанд.

15 ноябр 2016, 16:57

Ҳушдор аз кандашавии хатти нерӯи барқ, расидани осеб ба аҳолӣ ва афзоиши садамаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор додааст.

15 ноябр 2016, 13:28

Ҷӯраева: Бегонагию ноумедӣ муҳоҷиронро дар Русия туъмаи “ДИИШ” мекунад

Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари бунёди “Муҳоҷират ва қонун” мегӯяд, фиребкории корфармоён, ноумедӣ ва нақзи ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирон дар Русия онҳоро ба оғуши созмони террористии “Давлати исломӣ” тела медиҳад.

15 ноябр 2016, 13:01

Ҳабси Каримов барои қасди оташ задани Имомназарова дар рахти хоб

Додгоҳи Олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро барои қасди оташ задани як духтар дар рахти хобаш ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.

15 ноябр 2016, 09:03

Вазири рушди иқтисоди Русия дар гирифтани 2 миллион доллар пора муттаҳам мешавад

Алексей Улюкаев, вазири рушди иқтисоди Русия боздошт шудааст. Ӯро дар гирифтани ду миллион доллар пора муттаҳам мешавад.

14 ноябр 2016, 15:05

Э.Раҳмон қонунҳо дар бораи Пешво ва Президентро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14 ноябр қонунҳо «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расондааст.

14 ноябр 2016, 12:44

TojNews: Фаъолиятамонро қатъ кардем, навбати дигарҳо...

“ТоҷNews”, яке аз хабаргузориҳои маъруф ва мустақили Тоҷикистон имрӯз, 14-уми ноябр аз қатъи фаъолияташ хабар дод.

14 ноябр 2016, 09:49

Пулиси тоҷик: “ФСБ”-ро аз қасди амалиёти террористӣ огоҳ кардем (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нахустин шуда дар бораи афроде, ки қасди амалиёти террористӣ дар Русия ва Осиёи Марказиро доштанд, иттилоъ ёфтанд.

11 ноябр 2016, 12:17

Манобеи “Озодагон”: Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар хонааш захмӣ шудааст

Муҳаммадгул Зулмай Юнусӣ, сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон захмӣ шудааст.

11 ноябр 2016, 12:02

Таъсиси Махзани ягона алайҳи санҷишҳои зиёду “заказной”

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар кишвар махзани ягонаи иттилоот дар бораи санҷишҳои соҳибкорону корхонаҳо ташкил гардад.

10 ноябр 2016, 16:55

Коршинос: Трамп барои Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар хатар дорад

Никита Мендкович, коршиноси Шӯрои Русия дар умури муносибатҳои байналмиллалӣ муътақид аст, пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико барои кишварҳое назири Тоҷикистон ва Узбакистон манфиатовар аст.

10 ноябр 2016, 11:36

Президент ба 4 масъули ВКД рутбаи генералӣ дод (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр дар иди касбии кормандони милиса ба 4 масъули Вазорати умури дохилӣ унвони генерал-майор додааст.

10 ноябр 2016, 09:27

Умеди Э.Раҳмон аз Трамп: Ҳамкориҳо ғанитару фарохтар хоҳанд шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Доналд Трампро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико табрик кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!