Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 05:41
14 июн 2017, 11:16

Раҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд иваз шуд

Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба курсии раҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд нишастааст.

14 июн 2017, 08:45

Сафири Олмон дар Душанбе мақомашро тарк мекунад

Ҳолгер Грэн, сафири Олмон дар Тоҷикистон мақомашро тарк мекунад.

13 июн 2017, 15:09

Озода Раҳмон бо қарори падараш мушовири давлатии адлия шуд

Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари бузурги Эмомалӣ Раҳмон унвони мушовири давлатии адлияро гирифтааст.

13 июн 2017, 15:03

Президент дар бораи фаровонӣ дар бозор ва наздикии мансабдорон ба мардум

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13-уми июн бо ҳузури мансабдорони кишвар машварати корӣ баргузор намуд.

13 июн 2017, 11:16

Навалний ин бор 30 рӯз пушти панҷара мешинад

Алексей Навалний, раҳбари сарсахти ҳукумати Русия бо ҳукми додгоҳе дар шаҳри Маскав ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд.

13 июн 2017, 10:15

Милисаи латту кӯбшуда дар Кӯлоб аз вазифа барканор шудааст

Лейтинанти калон Марям Шарифзода, корманди Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб, ки шаби 16 майи соли равон мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, аз вазифа барканор шудааст.

12 июн 2017, 16:26

Алексей Навалний боздошт шуд

Алексей Навалний, яке аз сарсахттарин мухолифони Ҳукумати Русия боздошт шудааст. Юлия Навалная, ҳамсари ин сиёсатмадор дар сафҳаи "Твиттер"-аш навишт, Навалний чанд лаҳза қабл аз оғози эътирозҳои “зидди фасод”, дар назди гузаргоҳи манзили зисташ дар Маскав дастгир шудааст. Юлия аз қавли ҳамсараш дар хитоб ба ҷонибдоронаш навиштааст, ба раҳпаймоӣ идома бидиҳанд.

12 июн 2017, 14:34

Ватандорӣ: Таърифи наве дар 20-солагии Ваҳдат

Ҳарфҳои “хору залил бошему дар Ватан бошем”, “гадо бошему дар Ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар Ватани худ бечора ва хору залил аст, дар берун бадтар аз ин аст.

12 июн 2017, 11:26

Банди нав: Таъини ҷазо барои пинҳон кардани шаҳрвандии дуюм

Мақомоти Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банди нав ворид намудаанд, ки бар асоси он мансабгирон барои пинҳон намудани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима баста мешаванд.

12 июн 2017, 09:45

Ҳукумат ба Кумитаи нав 76 ҷойу 4 мошин дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи май бо имзои як қарор Кумита оид ба рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистонро ташкил додааст.

12 июн 2017, 08:45

Баҳои баланди Гутерриш ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид ҳамкориҳои Душанбе бо ин созмонро муҳим ва пурарзиш хондааст.

10 июн 2017, 11:59

Таҳқиқи талаби пора аз Маҳдӣ Собир: Порахоҳ милисаи “сохта” будаст

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи талаби пора дар Маркази иттилооти ВКД муайян кардааст, ки нафари порахоҳ ҳеч рабте ба милиса тоҷик надорад.

9 июн 2017, 17:05

Ҳинду Покистон узви СҲШ шуданд: Эрон монд...

Сарони кишварҳои узви Шонҳой имрӯз, 9-уми июн дар Остона 11 созишномаро имзо намуда, аз ҷумла Ҳинду Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи ин созмон қабул намуданд.

9 июн 2017, 15:25

СММ теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълон кард

Давоми 16 моҳи ахир теъдоди ҷангиёни гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хабар додааст.

9 июн 2017, 10:56

Си Ҷинпин Э.Раҳмонро ба Чин даъват кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 9-уми июн дар мулоқот бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин, аз ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли охир изҳори қаноатмандӣ кард.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!