Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 19:20
15 декабр 2016, 17:28

Зуҳуров ба сафири Амрико: Дари мо ба рӯи кишварҳое, ки ба мо назари нек доранд, кушода аст

Раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон мавзӯи меҳварии мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе будааст.

14 декабр 2016, 16:26

Баҳси басташавии “Нигоҳ”-у “TojNews” дар Вена: Мушкили молӣ ё хости прокуратура?

Саида Искандарова, намояндаи Тоҷикистон дар САҲА гуфт, фаъолияти ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” ба далели молӣ қатъ шудааст.

14 декабр 2016, 13:12

Дастури Дӯстум барои таҷовузи мухолифи сиёсӣ ва вокуниши ҳукумат

Ҳукумати Афғонистон бо пахши иттилоия гуфтааст қазияи латукӯби Аҳмад Ишчӣ, аз мухолифони сиёсии Абдулрашид Дӯстум, бо ҷиддият пайгирӣ шудааст ва дар ин маврид таҳқиқоти ҳамаҷониба рӯи даст аст.

14 декабр 2016, 11:40

Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвазир ва раиси парлумони Шри-Ланка

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 14-уми декабр бо Ранил Викремесингҳ, сарвазири Шри-Ланка ва Кару Ҷаясурия, раиси парлумони ин кишвар мулоқот кардааст.

13 декабр 2016, 15:34

Генерал ба ҷои полковник: Таъини фармондеҳи нави пойгоҳи 201

Генерал майор Олег Митяев фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон таъин шудааст.

13 декабр 2016, 12:10

Ҳимояи ҳукумат аз тағйири номи Муғулиён, Куктош, Оқтеппа ва...

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони халқии вилояти Суғдро барои тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар навоҳии Панҷакент, Конибодом, Ашт ва Спитамен ҳимоят кардааст.

13 декабр 2016, 10:50

Баъди садама: Э.Раҳмон истеъфои Исуповро қабул кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфои Баҳодур Исупов, масъули амнияти иншооти гидротехникии кишварро қабул кардааст.

13 декабр 2016, 09:44

Э.Раҳмон ҳамла ба калисои қибтиҳоро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таркиши фоҷеабор дар шаҳри Қоҳира, ки талафоти зиёд дошт ба ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи таслият ирсол кардааст.

12 декабр 2016, 16:49

Ёров: Телевизиони “Лайф”-ро ба додгоҳ мекашам... (ВИДЕО)

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Этмос” ният дорад, телевизиони “Лайф”-ро барои иғво ва бозтоби нодурусти ахбор дар бораи ӯ баъди маслиҳат бо вакилони дифоъ ба додгоҳ бикашад.

12 декабр 2016, 09:24

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони қурбониёни таркиши Истанбул

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таркиши фоҷеабори шаби 10 декабри шаҳри Истанбул ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон барқияи таслият ирсол кардааст.

10 декабр 2016, 10:56

Даъвати созмонҳои журналистӣ аз мақомот: Уҳдадориҳои худро дар таъмини озодии баён иҷро кунед

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон даъват кардаанд, уҳдадориҳои худро дар ростои ҳуқуқи инсон ва озодии баён иҷро кунанд.

10 декабр 2016, 10:03

Президент раисони 4 ноҳияи вилояти Хатлонро иваз намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои худ раисони чор ноҳияи ҷануби кишварро аз вазифа кардааст.

9 декабр 2016, 14:48

Раъйи парлумони Корея барои "импичмент"-и Президент

Парлумони Кореяи ҷанубӣ дар ҷаласаи имрӯз, 9 декабр ба тарҳи адами эътимод ба раисҷумҳури раъйи мусбат дод.

9 декабр 2016, 12:05

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҳиндустон меравад

Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон аз сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба он кишвар хабар додааст.

9 декабр 2016, 09:20

Хатарҳои эҳтимолии соли 2017 кадомҳоянд?

Ширкати “Блумберг” бо нашри натоиҷи як назарсанҷӣ интихоботҳо дар Аврупо, сиёсати хориҷии Доналд Трамп ва ҷангҳои сойберии ҷаҳонро хатарҳо барои субот дар соли 2017 унвон кардааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!