Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 феврал 2017, 21:59
/ Материалы за Декабр 2016 года
20 декабр 2016, 12:29

Баҳси нав барои парвозҳо: Душанбе боз “не” гуфт, Маскав боз таҳдид мекунад?

Вазорати нақлиёти Русия аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, ки барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат диҳад.

20 декабр 2016, 11:33

ВИДЕО: Нашри суруд ва клипи нави Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик шоми 19-уми декабр суруд ва клипи наваш зери унвони “Муҳаббати мурда аз ҷафо”-ро пешниҳоди мухлисонаш кард.

20 декабр 2016, 10:29

Пулиси турк сафири русро паронд: Шарҳи Эрдуғон, Путин, Лавров ва шоҳид...(АКСУ ВИДЕО)

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия кушта шудани Андрей Карлов, сафири ин кишвар дар Туркияро талоши халалдор кардани раванди беҳбуди равобити ин ду кишвар гуфтааст.

20 декабр 2016, 09:58

Назарпурсӣ: Эътимоди русиягиҳо ба Э. Раҳмон бештар шудааст

Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма (ВЦИОМ) дар пайи як назарпурсӣ муайян намудааст, ки эътимоди русиягиҳо ба Эмомалӣ Раҳмон бештар шудааст.

20 декабр 2016, 09:04

Русия: Ихроҷи як ҷуфт бо чор фарзанди ноболиғ ба Тоҷикистон

Аз вилояти Смоленски Русия як хонаводаи тоҷик ба Ватан депорт шудааст.

19 декабр 2016, 16:03

Питер: Ҳамлаи ашхоси номаълум ба шаҳрванди Тоҷикистон

Дар Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст.

19 декабр 2016, 15:30

Хабаргузории “Авесто”-ро муваққатан ба ҷойи нав кӯчондаанд

Масъулини Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” барои кормандони хабаргузории “Авесто”, ки дафтари кориашон дар пайи фурӯрезии қисмате аз айвони бино хароб шуд, утоқи нави корӣ ҷудо кардаанд.

19 декабр 2016, 14:54

Пешбинии ҷазо барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид карданиянд. Дар сурати қабули он минбаъд барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ хоҳад шуд.

19 декабр 2016, 12:39

Бархӯрди сабукрав бо боркаш 2 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор хабар дод, ки ду кушта ва ду маҷруҳ барҷой гузошт.

19 декабр 2016, 11:49

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимоят аз Ҳинд дар СММ ва СҲШ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ваъда додааст, ки аз номзадии Ҳиндустон барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва узви доимии Шӯрои амнияи СММ ҳимоят мекунад.

19 декабр 2016, 11:00

Р.Эмомалӣ, ҷавонтарин генерали тоҷик ба синни 30 қадам гузошт

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод, президенти Федератсияи футбол, ҷавонтарин генерали тоҷик имрӯз, 19-уми декабр ба синни 30-солагӣ қадам гузошт.

19 декабр 2016, 10:49

Брежнев кӣ буд: Наҷотдиҳандаи мардум, сарчашмаи тамаллуқ ё омили рукуди СССР?

19 декабр аз мавлуди Леонид Брежнев, котиби генералии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ 110 сол пур мешавад. Назари муаррихон ва соҳибназарон ба даврони раҳбарии ӯ мухталиф аст. Хабарнигори “Озодагон” дар ин рӯз аз чанд нафар пурсид, ки аз Брежнев чӣ хотира доранд ва ӯро чӣ гуна шинохтаанд?

19 декабр 2016, 10:08

“Тоҷиксодиротбонк” муҳлати баргардонидани амонати муштариёнашро эълон кард

“Тоҷиксодиротбонк” эълон кардааст, аз 3 январи соли 2017 баргардонидани маблағҳои амонатии муштариёнро шурӯъ мекунад.

19 декабр 2016, 10:07

Убайдуллоев: Мубориза бо тақлидкорию фарҳанги бегона кифоя нест

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, бо мақсади пешгирии омилҳои нангини ҷомеа, хусусан, бегонапарастиву хурофотпарастӣ ҳар рӯзи ҷумъа бо ҷалби масъулини дин, мақомоти умури дохилӣ ва амният дар марказҳои фурӯш ва бозорҳои шаҳр вохӯриҳои санҷишӣ-машваратӣ доир карда мешавад.

19 декабр 2016, 09:30

Барқдуздии нонпазҳо баъди манъи фаъолияти нонвойхонаҳо

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бархе аз нонпазҳои Душанберо дар дуздии барқ айбдор мекунад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!