Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:04
14 июл 2014, 10:08

Абдураҳмон Маматалиев: “Ворух бе роҳ мемонад, агар...”

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ба ҳамагуна танишҳои марзӣ нигоҳ накарда, сохтмони роҳи баҳсбарангези Оқсой – Тамдиқро, ки қисмате аз он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад, ба поён хоҳад расонд.

10 июл 2014, 13:52

Марги Сафоуддин, захмӣ шудани 7 сокини Ворух, шарҳи Бишкек ва назари табибони тоҷик

Табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи тирпаронии рӯзи 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

8 июл 2014, 15:28

Урмат Саралаев худоҳофизӣ кард; Мирослав Ниёзов дар роҳ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 июл Урмат Саралаев – сафири Қирғизистон дар Душанберо барои анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфтааст.

3 июл 2014, 09:38

Генерал Мирослав Ниёзов ба Тоҷикистон бармегардад

Мирослав Ниёзов сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон зери фармони таъйин шудани Ниёзов ба ин мақом рӯзи 2 июл имзо гузоштааст.

3 июл 2014, 09:14

Эътирози муфтиёт аз домани кутоҳи либосҳои мактабӣ

Идораи муфтиёти Қирғизистон алайҳи намунаи либоси ягонаи мактабии донишомӯзони духтар дар ин кишвар баромад карда, онро ғайримиллӣ ва аврупоӣ хондааст.

2 июл 2014, 17:35

Зиндони нав барои маҳбусоне, ки ҳукми абад гирифтаанд

Соли 2015 дар Қирғизистон барои зиндониёне, ки ҳукми абад гирифтаанд, маҳбаси нав кушода мешавад.

24 июн 2014, 14:38

Президент ваъда кард, ки баъди ду сол кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ даст меёбад

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш баъди ду сол ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёфта, “барои кӯмак хостан, ба зону намезанад”.

19 июн 2014, 16:50

Президент: "Пеши касе зону намезанем"

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар як мулоқот бо сокинони шаҳри Ош гуфтааст, "намехоҳам, шуморо бо ин суханҳо хурсанд кунам, ки фардо газ мегиред. Худатон хуб медонед, ки бо кадом сабаб ба мо газ намедиҳанд".

16 июн 2014, 14:42

Қирғизистон аз Қазоқистон 177 миллион доллар мехоҳад

Қирғизистон барои роҳандозии “харитаи роҳ” аз Қазоқистон 177 миллион доллар мепурсад

10 июн 2014, 15:25

Талоши "Газпром" барои азсаргирии интиқоли гази узбак ба Қирғизистон

ШиркатиШиркати русии “Газпром” барои азсаргирии интиқоли гази табии Узбакистон ба ҷануби Қирғизистон талош дорад. русии “Газпром” барои аз саргирии интиқоли гази табии Узбакистон ба ҷануби Қирғизистон талош дорад.

7 июн 2014, 09:20

Мамитов баъд аз чанд моҳи бемансабӣ раиси “Тилои Қирғизистон” шуд

Тоқон Мамитов, собиқ муовини нахуствазири Қирғизистон, ки номаш баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз бештар расонаӣ шуд, раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи тилои кишвараш -- “Киргизалтин” таъин шудааст.

6 июн 2014, 17:02

Генерал Ниёзов -- сафири нави Қирғизистон дар Душанбе?

Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон 6-уми июн номзадии Мирослав Ниёзовро барои сафирӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

5 июн 2014, 09:58

Узбакистон ба “Қирғизфилм” иҷоза надодааст, ки дар Бухоро филм бардорад

Узбакистон ба синамогарони Қирғизистон иҷоза надодааст, ки филми “Қурмонҷон датка”-ро дар Бухоро наворбардорӣ кунанд.

3 июн 2014, 11:12

Қирғизистон: 4 соли ҳукми зиндони як шаҳрванди Амрико

Брандон Горнелиус, як шаҳрванди Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Бишкек чор сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

28 май 2014, 10:38

Пешниҳоди манъи фурӯши шароб дар моҳи Рамазон ва Иди Фитру Қурбон

Намояндагони мардумӣ гуфтаанд, ҳадаф аз ин пешниҳоди онҳо, ҳифзу нигаҳдоштии саломатӣ ва ахлоқи омма мебошад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!