Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:30
24 июн 2013, 10:15

Зокиров: Оҷонсии фасод ҳаққи дахолат ба бисёрникоҳиро надорад

Ба гуфтаи вакилони дифоъи Зайд Саидов ҳарчанд тибқи қонун номбурда ҳоло гумонбар аст, вале онҳо то имрӯз имкони сӯҳбати озодона бо зерҳимояи худро надоранд.

22 июн 2013, 10:03

Назари соҳибкор Маҷидов ба қазияи Зайд Саидов

Ҳудудан як моҳ аст, ки вай аз фазои озоди ватан нафас намекашад. Сеюмин ҳафта аст, ки дар як гӯшаи тангу торик, ки боздоштгоҳи муваққат ном дорад, ба сар мебарад.

19 июн 2013, 11:01

Муоинаи Зайд Саидов бе ҳузури вакилони дифоъ гузашт

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, аз муоинаи табибон гузаштааст.

18 июн 2013, 15:58

Муроҷиати Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов ба мардуми Тоҷикистон

Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов рӯзи 18-уми июн дар ҷаласаи нахустини худ муроҷиатномаеро ба мардуми Тоҷикистон қабул кард.

18 июн 2013, 12:30

Зокиров: Муҳри махфӣ дар парвандаи З.Саидов ғайриқонунист

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов зимни баргузории ҷаласаи аввалини Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов гуфт, ки тибқи қонун парвандаҳое бояд мӯҳри махфӣ бигиранд, ки он ба сири давлатӣ рабт дошта бошад.

18 июн 2013, 09:06

"Сюрприз"-ҳо дар парвандаи Зайд Саидов

Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, аз муҳри махфӣ доштани парванда алайҳи зерҳимояашон расо як моҳ баъд аз ифтитоҳи он, рӯзи 17-уми июн огоҳ шудаанд.

15 июн 2013, 18:52

Президент дар бораи Зайд Саидов ҷавоб надод. Муроҷиат ба созмонҳо

Гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик тарҳи як муроҷиатнома ба созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди боздошт ва нигаҳдории Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро, дар Фейсбук гузоштаанд.

14 июн 2013, 11:29

Зайд Саидов гуфтааст, оҷилан ба кӯмаки табибон ниёз дорад

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешавад, дар номае ба наздиконаш гуфтааст, фавран ба кӯмаки духтур ниёз дорад.

14 июн 2013, 10:05

Вокуниши ҳукумат ба нома дар мавриди Зайд Саидов

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба мактуби кушоди зиёиён ва намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ барои дахолати президенти Тоҷикистон ба қазияи Зайд Саидов, ки ахиран сомонаи “Озодагон” нашр кард, вокуниш нишон додааст.

13 июн 2013, 17:45

Муфаттиши парвандаи З.Саидов аз адвокатҳо “мегурезад”

Фирӯз Холмуродов, сардори гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, як ҳафта боз аз мулоқот бо вакилони мудофеи боздоштшуда мегурезад.

12 июн 2013, 19:29

Ҳабси панҷ мошини Зайд Саидов ва наздикони ӯ

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон то кунун панҷ мошин ё худрави мансуб ба Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва наздикони ӯро ҳабс кардаанд.

11 июн 2013, 18:07

Чаро ҳукумат мухолифини кӯчакашро ҳам саркӯб мекунад?

Агар аз канор нигарем, корзор ё маъракае, ки зидди мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст, метавонад як кӯшише барои бартараф намудани ҳар монеа дар роҳи ғалабаи президенти имрӯзаи кишвар дар интихоботи моҳи ноябри соли равон ба назар расад. Аммо...

11 июн 2013, 15:20

80 нафар зери номаи кушод ба раисиҷумҳур имзо гузоштаанд

Зери номаи кушоди рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки чоруми июн дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд, то имрӯз 80 нафар имзо гузоштаанд.

11 июн 2013, 10:02

Иброҳим Усмонов дар бораи Зайд Саидов, интихобот ва хатти форсӣ

Гуфтугӯи Халил Қаюмзод, ҳамкори “Озодагон”, бо собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов.

7 июн 2013, 14:03

Зайд Саидов гуфтааст, "ба шароити боздоштгоҳ мутобиқ мешавад"

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, танҳо баъд аз ҳашт рӯз тавонистааст нафари таҳти ҳимояташро дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният бубинад.

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!