Бахшҳо
20 июн 2013 10:48Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Раҳматилло Зоиров: "Номзадии худро пешбарӣ мекунам"

Раҳматилло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, эълом кард, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳамчун номзад иштирок мекунад.

Вай ин омодагии худро дар суолу ҷавоб бо гуруҳе аз корбарони “Одноклассники”, як шабакаи иҷтимоии русӣ, баён доштааст.

“Бидуни хоксории дурӯғин мехоҳам бигӯям, ки номзади ягона дар интихоботи президентӣ на танҳо аз ҷониби ҳизбҳо ва гурӯҳҳои мухолиф, балки аз тарафи гурӯҳҳои демократӣ низ бошам. На барои он ки ман беҳтаринам. Ман ҳокимиятро дӯст намедорам. Ман шаҳрванди оддӣ, ростқавл, ба қадри кофӣ таҳсилдида ва масъулиятшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Муҳлати зиёд таблиғот бурда ва интизор будам, ки довталабони дигар барои номзади ягона будан пайдо мешаванд. Ҳоло бошад, номзадии худро пешбарӣ мекунам ва эълон медорам, ки ин масъулиятро барои Ватан ва халқи он ба уҳда мегирам. Ба ман пуштибонии нерӯҳои демократӣ лозим аст. Нерӯҳои демократӣ бояд сарҷамъ оянд, то мо тавонем бо кӯшиши якҷоя кишварро ба по хезонем. Роҳи дигар надорем”,-гуфтааст Раҳматилло Зоиров.

Омодагии Зоиров барои иштирок дар интихобот дар ҳоле эълом мешавад, ки қаблан Ҷунбиши миллӣ, як созмони сиёсии сабтиномнашуда, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ дониста, аз ҳамаи аҳзобу созмонҳо хоста буд, то номзади онҳоро дастгирӣ кунанд.

Қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шавад. То кунун Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳам эълон доштааст, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат хоҳад ҷуст.
Мӯҳр
ПАРВИЗИ СУГДИ
ОГОИ Раҳматилло Зоиров БЕХУДА ЗУР НАЗАНЕД ЯГОН КАС БА ШУМО ОВОЗ НАМЕТИЯД МО ХАМА БА ЭМОМАЛИ РАХМОН ОВОЗИ ХУДРО МЕТИЕМ БАРОИ ХАМИН ИН КАДАР ЗУР НАЗАНЕД. ОБРУИ ТОЧИКИСТОНА НАРЕЗОНЕД ИЛТИМОС!!!!!!!!!

АнтиСугди
Парвиз ту МО гуфта аз номи хама гап назан кала-каду......

Ба Парвизи Сугди, Ба фикрам чи навиштанатро худат хам сарфахм нарафтай... О як одам дар интихобот иштирок кунад, харчанд овоз хам нагирад, чаро обруи Точикистонро мерезондааст? баръакс иштироки бисер номзадхо дар иинтихобот ин хам обруи хукумат аст, хам обруи миллат.

БАЛЕ АГАР ХАМИН НОМЗАДХО БОШАД.КИ НА МАХБУБИ ХАЛК АСТ..НА ЗОДАИ ТОЧИКИСТОН АСТ....ЭЭЭМАРХАМАТ..МАРХАМАТ....ЬОЗ ЯК ДУТАИ ДИГАР БОШАД ТАМОМ МАСАЛА ХАЛ..РАХМОН ПРЕЗИДЕНТ....

Хайрандеш
Собир. Аз номи халк гап назанед. Зойиров шояд ягона шахсест, ки бемори дарди бедармони махал нест. Нест бод махалгарои! Зинда бод, баробари, адолат, тараккиёт.

ТОЧИКЗОДА
МАН АМИНАМ, КИ ИМАРДУМИ ШАРИФ, ОЗОДАНДЕШ ВА САОДАТМАНИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИХ ХАККИ НАМАККРО МЕШИНОСАНД. ДАР УРФИЯТ ОМАДААСТ "НОН ХУРДИ НАМАКДОНРО НАМЕШИКАНИ" ХАЛКИ ТОЧИКИСТОН ШУКРОНАИ ОБОДИВУ ИСТИКЛОЛРО ДОРАД ВА ОНРО ПОС МЕДОРАД

sulhkhoh
ПАРВИЗИ СУГДИ,
Behtarin sukhan. Moham tarafdori Emomali Rahmon hastem. Barodaron no shukri nakuned . tenji khud yak davlat hast..

шахси хакчуву озодандеш якчанд аз мардонест ки аз хукумати феъли интикод мекунад номзади арзанда бояд номзадхои ракобатпазир сафашон зиед бошад на номзадхусахо

Подабон
Мо тарафдори хамон номзад хастем, ки Точикистонро аз ин проблемахо рахо карда тавонад: интихоби дар хакикат шаффофу озоди вакилони мардуми, бекори ,бебарки,фасоди ва ришвагири дар макомотхои давлати, ноадолати дар додгоххо, камбизоати ва факр, роххои пулаки,махалгарои ,хешутаборбози, вазифа фуруши, шиканча дар муассисахои ислохи, монополияи сохибкори аз тарафи нафарони "дастдароз "фоизхои баланди бонкхо, андозхои баланд ва г.х

Валй
Узбакистон пеши хешом рафтм гуфту, хешовандош маслихатеш додан чи ки номзадиша монд? Ачоибии кор хамидай ки у номзадиша дар хоки узбакистон буданда монд. Наход ки ягон точики дига пайдо накардан ки хамира мемонан. Нахзат шарманда кардику!! Наход Шумо хам хамира дастгири кнен?

парвизи сугди
НОШУКРИ НАКУНЕД МАРДУМ КУР МЕШАВЕД АЗ ИН ЗИЁД БО ЧИ ХЕЛ ТОЧИКИСТОН ТИНЧИЮ ОРОМИ БОШАД ТАВБА ГУЕД КИ МОНАНДИ АВГОНИСТОНУ ИРОК ВА ДИГАР ДАВЛАТХОЕ КИ ЧАНГ РАФТА ИСТОДААСТ НЕСТЕМ МИСОЛ ХОЗИР АГАР ОГОИ Раҳматилло Зоиров Ё ДИГАР КАС ДАР ПРИЗИДЕНТ ШАВАД ЯГОН ВАКТ ТОЧИКИСТОН ПЕШ НАМЕРАВАД БО ЯКБОР ОНХОЕ КИ ЭМОМАЛИ РО НАМЕХОХАНД САХТ ФИКР КУНЕТОН !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Солҳост, ки Р. Зоиров барои расидан ба ҷудрат талош меварзад. Ӯ дар тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Мехоҳад президенти тоҷикон ва давлати онҳо шавад. Вале номаш, Раҳматилло, ба узбакӣ нависта шудааст. Азоне ки дар Тоҷикистон сатҳи бесаводии мардум хеле буланд аст, ин далелро касе ба рӯи Зоиров намезанад. Исми Раҳматулло арабиасос буда, аз ду калима - Раҳмат ва Аллоҳ ( Ҷ ) иборат аст. Дар талаффуз пас аз ҳамсадои "т" алиф ва лом дигар хел садо медиҳад, яъне, РАҲМАТУЛЛО. ҳамрадифи ин исм Кароматулло, Файзулло (наинки, "Файзилла"), Наҷибулло, Зиёдулло ва бисёр дигарҳо мебошанд. Грамматикаи забони тоҷикӣ ба ҳамин қоидаи арабӣ такя мекунад. Дигар хел тарзи навистан ва гуфтани исмҳои зикргардида нодуруст ҳисоб мешавад.
Маълум аст, ки ҳуҷҷатҳои сабти ному насаби Р.Зоиров дар Узбакистон дар шакли узбакии ғалат гирфта шуда, худи ӯ, бехабар аз ин, то ҳол бо ин шакли нодурусти номи арабӣ мегардад. Сиёсатмадоре, ки забони давлатиро ҳаматарафа балад нест, наметавонад ҳаққи президентиро дар Тоҷикистон даъво бикунад. Шахсан банда ба ӯ овоз нахоҳам дод, зеро ба самимияташ, ба сифати тоҷик, бовар надорам.

камбагал
Офарин чаноби Рахматилло Зоиров!!! Шумо ягона нафаре хастед,ки мардуми точик ба Шумо бовари доранд, ки бекори ,бебарки фасоди,ришваситони ва г.х аз байн мебаред. Мардуми точик хукук доранд,ки зиндагии хуб дошта бошанд. Хаштод фисади мардуми точик дар факр, зиндаги ба сар мебаранд.
РАХМАТИЛЛО ЗОИРОВ ПРЕЗИДЕНТИ ОЯНДАИ ТОЧИКИСТОН!!!

Халк бо ин узбакбой зоиров боз чукуртар ба чох мезанед чашми куратонро кушоед наход ки дар точикистон як марди донишманду бофаросат набошад

Мо овози худро дарег намедорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)