Санади ҳусни тафоҳум миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба марҳилаи сеюми таҷдид ва идомаи сохтмони макотиби миёна имрӯз дар Душанбе ба имзо расид.
Тавре ба «Озодагон» аз маркази матбуотии вазорати маориф хабар доданд, протоколи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз сӯи БИР раҳбари миссияи ин ниҳоди моли байнулмилалӣ Муҳаммад Суҳайл ба имзо расониданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки бо саҳмгузории ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ду марҳилаи идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон пушти сар шуд. Дар марҳилаи якум солҳои 1999-2004 шаш мактаб дорои 155 синфхона барои 5098 ҷойи нишаст, як кӯдакистон барои 150 ҷой ва дар марҳилаи дуюм солҳои 2007-2011, ҳафт мактаб дорои 146 синфхона барои 4468 ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шуд. Дар марҳилаи сеюм бошад, ҳафт мактаб дорои 178 синфхона барои 5686 ҷойи нишаст сохта хоҳад шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр