Бахшҳо
06 сен 2013 11:27Тоҷикистон / Сиёсат

Шоҳиён иддаои Зоировро, ки Раҳмон дигар ҳаққи президентшавӣ надорад, беасос хонд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР), рӯзи 6-уми сентябр дар мулоқот бо хабарнигорон иддаои Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ-ро, ки гуфт, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзадиашро дар интихобот надорад, беасос хонд.

Шоҳиён аз ҷумла гуфт, Зоиров ҳанӯз 8-9 сол пеш ин масъаларо бардошт, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар ҳаққи пешниҳоди номзадияшро надорад: "Он замон ва чанде пеш ҳам ҳуқуқшиносон ба ӯ ҷавоб гуфтанд. Эмомалӣ Раҳмон ду муҳлат пайдарҳам метавонад, номзадияшро пешниҳод кунад.”

Дар мавриди дастрасии аҳзоби мухолиф ба радио ва телевизион раиси КМИР афзуд, 8 ҳизб дар Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзади худро доранд ва ин масъаларо дар анҷуманҳои худ аз 17-уми сентябр то 7-уми октябр рӯшан хоҳанд кард: “Вақте номзадро пешниҳод карданд, баъди санҷиш ин шахс расман дар КМИР сабт мешавад ва маъракаи таблиғотӣ шуруъ мегардад. Дар ин ҷо КМИР масъул аст, ки барои ҳамаи номзадҳо шароити якхеларо фароҳам орад.”

Шоҳиён илова кард, дар кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3180 қитъаҳои раъйдиҳӣ ташкил хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Шоҳиён, КМИР тавсия додааст, ки масъулини қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳисоби созмонҳои ғайридавлатӣ гирифта шаванд, “то фардо нагӯянд, ки КМИР яктарафа кор карда истодааст. Инчунин мо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуқуқшиносонро даъват намудем, ки раванди интихоботро назорат мебаранд.”
Мӯҳр
к
Шохиен агар галабаи ЧО-ро таъмин накунад, ба махбас меравад.

Сарконун дар хоб хастми Ш.Шохиён???

Шохиён !!!! хой Шохиён))))) Зоиров бо далели конуни исбот сохт, ки Рахмон хаки иштирок дар интихоботи раиси чумхура надорад. Шарм намедоред ранги занакои лаби об бо сухани пуч вачххои Зоировро беасос мехонед. Шумо низ мисли Зоиров "хукукшинос" хастед.Мард шуда як маротиба вачххои Зоировро бо асосхои конуни нодуруст бароред пас мо бовар кунем.

Сайд
к,
ин дуруст аст дустам. Бечораи Шохиён ин вазифаро хангоми сари кудрат омаданаш гирифтааст.

к,
сухани ростро худат гуфти!!

Ж
Шохиён ручка = дуст.

Интихобкунанда
Бояд мухлати президенти ба ду давра ва ба мухлати 4-соли оварда расонда шавад. Аввал гуфтанд,ки ба 1-мухлат 7-сол ,боз оварданд ба 2-мухлат 7-сол.
Чаноби Шоев ,Шумо ин гунохи азимро ба гардани худ нагиред ва ба таъкалубкори рох надихед.Бигузор мардум касеро ,ки мехоханд Пешвои худ интихоб кунанд.
Мардуми Точикистон дар макоми Раиси Чумхур ,нафари навро дидан мехоханд.

7-sol in az rui sarkonun ast.zoiruf konuni xudashro mexohad-lekin ki ba u gushu ijozat medihad?rosti gap rahmon behtarin prezident ast.ozodu shafofam guzarad rahmon meguzarad.

Инкадар и узбакхои тарафдорони Рахматулаи узбак пешвои точиконро намехоханд ки номзадиашро монад Иллохо дар хамон минахое ки дар сархадои ТОЧИКИСТОН хобондаен худатон таркед

urist
bale dastobard hoi zieed hast 20 sol boz davlatdori mekunem va davlati mo nametinad tuchka kharad baroi intikhobot ana behtarin dastovard jo

65 аз Сарконун
КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 65.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Чаро танхо хукушиносони Донишгохи милли ба назорати раванди интихобот даъват шудаанд? Академияи улум ва дигар донишгоххои таълими магар мутахассис надоранд дигар? Ба фикрам, боз ошнобози шусос...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)