Субҳи имрӯз Душанбе боз аз шиддати сахти замин таккон хӯрд
Соати 7:23-и имрӯз, 11 ноябр, дар Душанбе боз замин ҷунбид.
Ин дуюмин заминларза дар 24 соати охир аст. Соати 10:16 дақиқаи рӯзи 10 ноябр ҳам сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он шиддати сахти зилзиларо эҳсос карданд.
Дар лаҳзаҳои аввали заминларза Марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳон шиддати онро дар марказаш 5,5 ва дар Душанбе 5,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер гуфтанд. Аммо ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, шиддати ларзиши замин дар маркази он – 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ёвон, 4,7 балл будааст. Дар пойтахти кишвар бошад, шиддати заминҷунбӣ 4 баллро аз рӯи ҷадвали Рихтер ташкил додааст.
Ба фарқ аз ларзиши рӯзи гузашта, имрӯз (11.11.2013) заминларза ҳамагӣ чанд лаҳза идома кард, аммо ба назар мерасид такони он сахттар буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |