Бахшҳо

Пурзӯр шудани "лимит"-и баҳории барқ ва хомӯшии Барқи тоҷик

Сокинони аксар навоҳии Тоҷикистон аз пурзӯр шудани “лимит”-и неруи барқ дар пайи иди Наврӯз шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, рӯзҳои охир танҳо шабона 2 соат неруи барқ мегиранд.

Назруллоҳ Саидович, як сокини маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рудакӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз рӯзи 25 март ба ин сӯ, ҳамагӣ дар як шабонарӯз ду соат неруи барқ доранд. Дар ҳамин ҳол, Малика, як сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон низ ин хабарро таъйид карда, гуфт, дар пайи рӯзҳои иди наврузӣ, ки неруи барқ қатъ нагардида буд, яку якбора лимит пурзӯр шудааст.

Ӯ мегӯяд, ҳоло онҳо аз меъёри муқарраршудаи неруи барқ, ки субҳ мегирифтанд, комилан маҳрум шудаанд: “Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳамагӣ тақрибан се рӯз каму беш барқ доданду ҳоло бошад ду соат медиҳанд. Шояд ин шадидшавии “лимит”-и ногаҳонӣ барои ҷуброни рӯзҳои додаашон бошад. Хубтар мешуд, ки ҳамон се рӯз лимит риоя шуда, имрӯз ба мисли пешин 6 - 7 соат барқ мегирифтем. Бовар кунед, бо ин неруи барқи дусоатӣ коре карда ҳам намешавад. Аз буданаш, набуданаш беҳтар!

"Озодагон" ҳар чанд талош кард, далели пурзӯршавии "лимит"-и барқ дар кишварро равшан созад, вале мутаассифона талошҳо бенатиҷа буданд. Масъулини ширкати Барқи тоҷик дар робита ба ин қазия хомӯширо пеша кардаанд.

Пурзӯр шудани неруи барқ ва шикояти аксар навоҳии кишвар дар ҳолест, ки Афғонистон, харидори аслии неруи барқи Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз дошта, додугирифти газу барқ мавзуи меҳварии мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳазрат Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон дар Кобул ба шумор мерафт.

Аз сӯи дигар, мақомоти вилояти Тахори Афғонистон низ ибтидои соли равон, аниқтараш дар фасли сармо, ки мавсими аслии ҷорӣ шудани "лимит"-и неруи барқ дар навоҳии кишвар мебошад, гуфта буданд, сокинони ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо нерӯи барқе таъминанд, ки аз Тоҷикистон содир мешавад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Маҳманд, раиси барқи Тахор, изҳор дошта буд, ин нерӯи барқ аз Тоҷикистон бар ивази 32 миллион доллар харидорӣ шудааст.

Ба гуфтаи раиси барқи Тахор, ин маблағро Бонки Осиёӣ пардохт хоҳад кард. Раҳбарияти барқи вилояти Қундузи Афғонистон низ гуфта буд, ки вулусволии Хонободи ин минтақа низ бо барқи Тоҷикистон таъмин аст. Ба қавли манбаъ, ин нерӯи барқи вулусволии Хонобод низ бар ивази 45 миллион доллар аз кумакпулии Бонки Осиёӣ харидорӣ шудааст.

Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардошта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.
Мӯҳр
Хами света хубуш вопше натан вай хубай! Бгирен фрухта бгарден мо камбагалода шамь зинда боша тапак гуспоя !хаму рогуна насозед серавно свет намеша! Мардум авал асаби мешан ба одат мекнан! Хаму раиси барка худо кунад як хафта хонаш бе барк мона кани шамь кати чихел мешида боша

Ин бахонаи об кам аст мегуянд ягон руз хамон обанбор сар зада мебарояд, то кай дуруг мегуед !!!!!

Дуруду саломи бепоён ба хамаи хамватанонам ОЗОДАГОН гуфтаниам ки БАРКРО ЧАРО ХОЗИР НАМЕТИЯН АГАР ХУБ ФИГР КУНЕМ ДАР КИШВАРИ ХАМСОЯАМОН ЧАШНИ НАВРУЗ ДОРАН АФГОНИСТОН БАРК БА ОНХО ХОЗИР БИСЁРТАР ЛО3ИМ АНА КУЧО МЕРАВАД БАРКИ МО 2-ЮМАШ ИНКИ ЧАШНИ НАВРУЗРО ЧАШНИ НИЁГОН ЯЪНЕ ЗАРДУШТИХО ГУФТА ЧАШН МЕГИРАН ЧАНОБИ ОЛИ САИДМУКАРАМРО ХАМРОХАШ БУРДААСТ ДАР ПЕШИ ХАМА АЗ РУЙ ОТАШ МЕГЗАРАД МУФТИ МО ФАХМИДЕН КУЧО МЕРА БАРКЧОНИ МО ЧЕБАКЧОНИ ОНХО

Душанбе
Холо истед, CASA-ро созанд, баъд онаи зори мардумро нишон медиханд.

Чи ҷойи тааҷҷуб аст. дуздӣ, қаллобӣ ва фиребгарӣ амри муқаррарӣ гардидааст. Системаи барқ аз ин истисно нест.

Аз ин дида дигар беадолатиро дар кучои дунё дидану шунидан мумкин? Охир то ба кай барои ин хукумат аз саломатии миллат дида пулу сарват авлотар меистад? То ба кай ин миллати ранчбару захматкаши ТОЧИК азоб мекашад? Ахволи аксарияти мардуми дехоти дурдаст дар фасли сармо хеле бад аст. Нархи як мошин хезум то 600-700 доллар ва аз ин зиёд дакка хурдааст. Аз дасти корчалонхои ба фуруши хезум машгул буда дар куху пушта дигар нихоли пиставу бодом намондааст. Агар ягон бечораи камбагали бепушту панохе барои хезум ба кух рафта ба даст афтад,хам аз хезумаш мемонаду хам мавриди тахкиру чаримабандии масъулон карор мегирад .Аммо афроди дар макомот "таго" дошта бемамониат мошин-мошин хезуми тару хушки пиставу бодомро пул карда гаштаанд. ОХИР намешавад,ки хукуматдорони мо тули 2-3 мохи сардихо баркро бо хамон нархе,ки ба Афгонистон мефурушанд, ба мардуми худ пешниход намоянду хам ХАЛКро аз сардихои токатфарсою хам ПИСТАзоронро аз хавфи нобудшави бирахонанд?????????

Рекет
Э братано парво накне аку 20 сол шид хамихел мегаште хами 20 солаки дигам токат кне хамаш хуб меша.хахахахахаха

Бар ивази он 32млн. доллари медодаи афгонхо иктисодиёт ва чамъияти Точикистон аз бебарки садхо баробар зиёдтар зиён мебинад. Чумхурии хамсоя ки талабгори асосии бебаркии мо мебошад, аз фуруши махсулоти сухт ва равшанидиханда даромади зиёд мегирад. Бо дастони худамон худамонро мушткуб мекунанд.

Шарифбек
Магар президент хангоми бастани оби Вахш (Сангтуда 1) нагуфта буд, ки баъд аз се сол барк афсона мешавад? Магар хамин аст афсонаи гуфтагиш?))))))

Набудани барқ як тарафи мушкилот аст. Мушкилоти дигар дар тамом шудани сӯзишворӣ (ангишт, ҳезум) дар аҳолӣ аст. Зимистони қаҳратун ҳама захираҳоро ба коми худ кашид. Ҳоло мардум барои гарм кардани оби ҳаммом ҳам чизе надорад. Барқ ҳатто дар Душанбе намерасад. Вақте ба такси ва маршруткаҳои шаҳр мешинед, ҳис мекунед, ки аз нафари паҳлӯятон бӯйи бад меояд? Он нафари бечора аз деҳае омада, шояд ҳафтаҳо оби гарм ва собунро надидааст. Агар дар бадан ва либосҳояш шабӯш бошад чӣ? Он паразит дар як сония аз одам ба одам мегузарад. Оё масъулони стансияи эпидемиологияи кишвар боре дар ин бора фикр кардаанд? Агар не, бояд бикунанд. Фардо шояд дер шавад!

мардуми бечора бе барк,чои кор нест,нарххо дар осмон.зулм хукм фармост

Амона
Хамаи хамин айби мо халк аст. Агар мо дар хаки худ сохиб нашавем то охир ай ин хам бад мешавем. Моро мисли гову гусфанд кардестан. Бегох хурок мехури даромада хоб. Чи гапай то Интихоботи президенти барк додан каму беш баъди гузаштан интихобот ай хама мондем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)