Бахшҳо
08 май 2014 15:29Тоҷикистон / Сиёсат

Роҳи бастаи Ворух, сафари Қодирӣ ва ба таъхир уфтодани музокироти тоҷикону қирғизҳо

Сокинони рустоҳои Бодканд дар пайи занозании шаби 7 май, ки бо захмӣ шудани даҳҳо тан анҷом ёфт, роҳи Ворух-Исфараро, ки аз қаламрави Қирғизистон мегузарад, бастаанд. Расонаҳои қирғизӣ менависанд, дар ҳоли ҳозир танҳо барои мошинҳои борбар иҷозаи гузаштан будаасту бас.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари як манбаи мо аз ҳукумати Исфара Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба маҳалли ҳодиса сафар кардааст. Мусоҳиби мо мегӯяд, қарор аст, имрӯз мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон иллатҳои сар задани задухӯрди сокинон ва, инчунин, хисоротеро, ки дар пайи он ворид шуд, баррасӣ намоянд.

Ҳоло аз ҷониби Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазир ва Кирсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон дар марз будаанд. Гуфта мешавад, яке аз ноибҳои вазири умури дохилии Тоҷикистон низ барои баррасии қазия ба марз рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Маматалиев дар суҳбат бо расонаи “tushtuk.kg” гуфтааст, дар робита ба ин задухурд бо ҳамтоёни тоҷикаш суҳбати телефонӣ анҷом дода, мақомоти Душанбе низ ҷонибдори таҳқиқи одилона ва мунсифонаи он мебошанд: “Мақомоти қудратии ҳар ду кишвар ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ таҳқиқ доранд.”

Маматалиев сабаби ба миён омадани задухурдҳои марзиро ба таври кофӣ баргузор нашудани мулоқотҳои мақомоти ҳар ду кишвар бо сокинони назди марзӣ хондааст. Ӯ гуфта, ҳоло бояд барои густариш наёфтани ин таниши марзӣ мулоқоти дуҷонибаи Душанбею Бишкек сурат гирад. Муовини сарвазири Қирғизистон аз таъхирёбии ҷаласаи гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба масъалаи марзӣ хабар дода, гуфтааст, ин мулоқот ба рӯзи 13 май гузошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, 11 майи соли ҷорӣ дар Душанбе музокироти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ баргузор гардад. Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои Исфара, ки тарафи марзбонҳои тоҷику қирғиз ҳашт захмӣ боқӣ гузошт, доғ гардиданд.
Мӯҳр
Ман саволе дорам ба хукуматдорони точик..Чаро мо точикон наметавонем рохи онхоро бастан..Аз канори дехаи Хочаи Аъло марзи Точикистонро бурида шохрохи Ош-Исфана мегузарад ..Модомеки киргизо рохи Ворух-Исфараро баст биёед мо хам ин рохро мебандем кани бинем чи ин хамсояи ноодам боз ба чи хулоса меояд!!Ё ин,ки мо аз ин мардум ягон чои тарс дорем ё ин,ки карздорем...Як рахме ба мардум кунед аз барои Худо.!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)