Бахшҳо
22 май 2014 11:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Оғози содироти барқи 2-сентии Тоҷикистон ба Қирғизистон

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро шуруъ кардааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” рӯзи 22 май дар ин бора ба “Озодагон” хабар дода, гуфт, ҳоло дар як шабонарӯз 2 миллион киловат соат нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол меёбад. Ба гуфтаи ӯ, дар фасли тобистон сатҳи обанбори нерӯгоҳҳои Тоҷикистон боло рафта, ба ширкат имкон медиҳад, ки ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ содир кунад.

“Ҳоло дар як сония 109 метри мукааб об ба обанбори нерӯгоҳи Норак дохил мешавад ва ин, албатта, ба мо имкон медиҳад, ки ҳам обро захира кунем ва ҳам ба хориҷ аз кишвар нерӯи барқ фурӯшем”,-афзуд Ёдгорӣ.

Ҳамсӯҳбати мо илова намуд, ҳоло Тоҷикистон дар як шабонарӯз дар фасли тобистон 6 миллион киловат соат ба хориҷ нерӯи барқ мефурӯшад, ки аз ин нишондод 2 миллионашро Қирғизистон ва боқиро Афғонистон харидорӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Электрические станция”-и Қирғизистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дода, гуфтааст, миёни он ва ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 14 май дар шаҳри Душанбе шартнома ба имзо расидааст. “Электрические станция”-и Қирғизистон мегӯяд, бар асоси ин шартнома Бишкек як киловат соат нерӯи барқро аз Душанбе бо арзиши 2 сент харидорӣ менамояд. Мақомоти Бишкек мегӯянд, дар аввал ҷониби Душанбе бар ивази як киловат соат нерӯи барқи худ 2,5 сент талаб намудаанд, ки дар пайи гуфтушунидҳо то 2 сент поин бурда шудааст.
Мӯҳр
Voy barholi mardumi kambagali tojik alakay sarshud kisa purkunii mansabdoron. XOY mardumi dehot ba malumoti shumo merasonam ki imsol limit az 1.09.14 sarmeshad barvakttar hezumu kumurtona zahirakuned.

Далер
Кори хуб барои бучаи давлат. Вале чаро ба шахрвандони точик барк 11 дирам, ба корхонахо 25 дирам, вале ба киргизхо бошад 10 дирам? НА мефахмам, фахмонед илтимос. Як вариан дорам, мумкин тарафи моро дар сархад тарсонида бошанд, ки бар хар як супориши киргизон "бале, хуб шудааст" мегуянд.

in nagzku Bari tojikiston 3sent Baroi Kirgiz 2
sent

ТJK
Хеле ташаббуси оли барои фуруши барк. Мо бояд то ба анчом расидани Сохтмони Рогун аз хозир барои худ муштари ефт. Бо Киргизхо забон як карда дустиро боз хам наздиктар бояд кард, ки сабаби рушди хар ду кишвар хохад буд. Игвоандозхо харчанд кушиш доранд байни ин ду миллат кинаву адовату душмани андозанд, аммо ба максад намерасанд. Ман хеле хурсандам, ки тарафи мо ба провокация дода намешаваду хеле эхтиеткорона ба хаводиси марзи амал мекунад. Гарчанде тарафи Киргизистон бо ВАО хамаро вохима меандозад. Иншоаллох масъалаи марзи дар Исфара ба зуди халли худро ебаду равобити хар ду тараф боз хам зиедтар гардад. Фикр мекунам барои 2 сент рози шудани тарафи мо ин аз он иборат аст, ки мо дар Тобистон обро баъзе вакт халастой (ройгон) аз обанбор сар медихем. Агар ройгон нараваду барк истехсол кунему ба Киргизистон бо 2 сенти фурушем медонед чи кадар даромад хохем кард? Албатта барои мардуми мо зиеда аз 2 сент будани барк гарон аст.

Тоҷик
Барқи Тоҷик! Худкуши бегонапараст!!!!

Чамшед8808 н. Восеъ
Барои он ки дар фасли гармо яъне тобистон обанборхои мо пур мешавант об бехуда меравад аз бехуда рафтана барк карда арзон фурушанд нагз нест? Аз уне ки об тарафи узбаки ношукр меравад онро истифода бурда камехам бошад пул ба бучаи давлат биояд ин хуб хаст. Сарбаланду хонаобод бошед Мардуми Точикистон!

иктисодчи
Киргизохам фахмидагиан ки мо дигар чои фуруш надорем барои хамин 2-сента капидан аз ин шартнома Точикистон зарар намебинад чунки аз оби халастой сардода 2-сент хело хуб аст

Шукрона мекунем
Шукронаи онро мекунем ки барк ба ахоли худи Точикистон кимматтар фурухта мешавад чем ба хоричи кишвар. Шукрона мекунем, ки анахминхел ватан ва сарзамин дорем!!!

Точик
Чамшед8808 н. Восеъ, Чи мешуд ки дар тобистон ба мардуми худи низ бо нархи арзонтар мефурухт. Як чахон ташакур

Ин энергетикхо кати кучо мерем вакте ки харочоти барк 3,8 сент ро ташкил медихад чи тавр 2 цент мефурушанд? о е харочоти ЛЭП ро хисоб кунанд вай 4,2 цент мешавад ва киргизхо бошад 4 центи ба Казокхо мефурушанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)