Таваҷҷуҳи Русия ба сохтмони лулаи газрави Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон
Ширкатҳои Русия ба иштирок дар бунёди лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон манфиатдоранд. Ин нуктаро Аркадий Дворкович, муовини нахуствазири Русия зимни суханронӣ дар Кунгураи байналмилалӣ оид ба газ дар Ашқобод баён кардааст.
“Ҳоло шартҳои асосии тарҳ ба сармоягузорон пешниҳод шудааст”,-афҳзудааст ӯ. Муовини нахуствазири Русия дар идома гуфта, ки умедвор аст, консорсиум тавони роҳандозии ин тарҳи ҷиддиро дошта бошад: “Мо бо шариконамон дар Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон мулоқотҳо анҷом хоҳем дод, то ҳангоми роҳандозии тарҳ амният пурра таъмин бошад”.
Ин лулаи газрав 1735 километр тул хоҳад дошт, ки 200 км тавассути хоки Туркманистон, 735 км тариқи Афғонистон ва 800 км тавассути қаламрави Покистон мегузарад. Лулаи газ бояд бо маҳалли аҳолинишини Фазилка, воқеъ дар марзи муштараки Покистону Ҳиндустон бирасад. Гуфта мешавад, солона он бояд қудрати интиқоли 30 миллиард метри мукааб газро дошта бошад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон моҳи апрели соли соли равон ҳукумати кишварашро муваззаф кард, сохтмони тарҳи мазкурро дар соли 2015 оғоз кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |